Сентябр 25
12:26
2017
Комиссияи тендерии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмуни таъмири қисми бинои Муассисаи давлатии “Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кўдаконаи дилу тарбоди “Ҳушёрӣ” (Даъватномаи (ДИО) №019/17 аз 15 сентябри соли 2017), ки тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
- Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оиди озмун метавонанд ба суроғаи Ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, кўчаи Шевченко 69 муроҷиат намоянд.
- Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои мўҳркардашуда, бо суроғаи дар боло зикршуда, то соати 10.00 санаи 10 октябри соли 2017 пешниҳод намоянд. Мўҳлати муқарраршуда мўҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодот қабул карда намешаванд.
- Лифофаҳо бо пешниҳодоти тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ соати 10.00 санаи 10 октябри соли 2017 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.