Давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ВМКБ рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ таъмин гардид (АКС)

Давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ дар ВМКБ рушди бемайлони соҳаи тандурустӣ таъмин гардид (АКС)
Апрел 13
15:52 2021

Ҳифзи саломатии аҳолӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон мақоми хоса касб намуда, таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини солимии аҳолӣ дар баробари дигар манотиқи кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ низ як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 11 то 15 сентябри соли 2018 баён доштанд, аз 2 то 9 апрели соли равон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари корӣ анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки  аз 1 октябри соли 2018 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоб ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 11 то 15 сентябри соли 2018 баён доштанд, ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои бандҳои он тадриҷан чорабиниву тадбирҳои зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Гурӯҳи кории вазорат нахуст аз Беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дидан намуда, бо рафти хизматрасонии тиббии он аз наздик шинос шуд.  Барои беморхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷҳизоти рентгени рақамӣ ва стансияи истеҳсоли кислород бо иқтидори таъмини 10 кати бемор ва аз 8 то 12 баллони кислород дар 1 рӯз дастрас гардиданд. Зимни сафари мазкур ин таҷҳизотҳои ниҳоят зарурӣ бо иштироки гурӯҳи кории вазорат ва раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода мавриди истифода қарор дода шуданд.

Баъдан, дар ноҳияи Ванҷ гурӯҳи кории вазорат аз рафти таъмири шабакаҳои обу корезии биноҳои Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал оварданд. Бояд гуфт, ки дар асоси Нақша-чорабинии сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ (ноҳияи Ванҷ) дар соли 2020 сохтмони бинои Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2021-2022 ба нақша гирифта шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои таъмирии шабакаҳои обу корезии биноҳои Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби маблағҳои  махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, корҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳамзамон, таъмири ошхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ низ ба нақша гирифта, корҳои таъмирии он рӯзҳои наздик оғоз хоҳанд шуд.

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур вохурӣ анҷом дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба  масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Рӯшон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо раиси ноҳия Додхудоев Фаррух бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таъмири бинои шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур шинос шуданд. Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ дар шӯъбаи номбурда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, дар наздиктарин фурсат он ба фаъолият шурӯъ хоҳад намуд. Инчунин, дар беморхонаи мазкур таҷҳизоти дастгоҳи муосири ренгени рақамии мобилӣ ва стансияи истеҳсоли кислород бо тавоноии 10 баллон дар 1 шабонарӯз мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар идомаи рӯз гурӯҳи кории вазорат ба шаҳри Хоруғ сафар намуд. Дар толори маҷлигоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ мулоқоти Раиси ВМКБ ва гурӯҳи кории вазорат бо роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур доир гардид.

Дар ҷаласа таҳлили вазъи воқеии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пурзӯр намудани базаи  моддӣ-техникии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят бо нақлиёти санитарӣ, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда, таъмир ва тармими ҷории муассисаҳои тандурустӣ, харид ва таъмини таҷҳизоти муосири тиббӣ дар доираи маблағҳои буҷавӣ, инвеститсионӣ ва манбаҳои дигари маблағгузорӣ, таъсис додани махзани ягонаи иттилоотии таъминоти кадрии мутахассисони соҳибкасби сатҳи олӣ ва миёна дар назди Раёсати тандурустии вилояти мазкур, зина ба зина ба тармим, таъмир ва азнавсозӣ фаро гирифтани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят, рушди сектори хусусӣ, рушд ва вусъат бахшидани муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси клиникаҳои хурд, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, дорухонаҳо, санаторияҳо, истифода самараноки обҳои шифобахш ва гиёҳдармонӣ, аз вагон баровардани бунгоҳҳои тиббӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон аз ВМКБ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 262 нафар, аз ҷумла 178 нафар тариқи Квота, 33 нафар тариқи буҷавӣ ва 51 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Баъди мулоқот Раиси ВМКБ ва гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Беморхонаи  вилоятии шаҳри Хоруғ, ки калонтарин муассисаи табобатӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид гурӯҳи кории вазорат ва Раиси ВМКБ сараввал аз шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи  беморхонаи вилоятӣ дидан намуда, бо утоқҳои чарроҳӣ, ҳуҷраи банду баст  ва ҳуҷраҳои беморон аз наздик шинос шуданд.  Бояд гуфт, ки барои таъмири шӯъбаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 753553 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятӣ бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири капиталӣ бароварда шуда,  барои   таъмиру тармими шӯъба  756 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Шӯъбаи мазкур  бо истифодаи ҳуҷраҳои барҳаво ва таҷҳизоти наву замонавӣ  мавриди ташхису табобат қарор дода шуда, барои беморон тамоми шароит ва имконоти ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.

Қайд гардид, ки давоми  се моҳи соли ҷорӣ  дар шӯъбаи мазкур   беш аз 650 нафар кӯдакон  аз амалиёти хатна гузаштанд. Ҳамзамон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва  гурӯҳи кории Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти таъмири капиталии  шӯъбаҳои эҳё, беҳискунӣ ва шӯъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Бояд гуфт, ки шӯъбаҳои мазкур низ бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, ба Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ таҷҳизоти магнитии резонансӣ, ки арзиши он 10 миллион сомониро дарбар мегирад, инчунин, стансиаи пурраи кислород барои эҳтиёҷоти беморон дастрас карда шуд.

Дар идома гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Раиси ВМКБ аз модули махсус барои табобати гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бо 48 кат, ки дар назди Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ насб карда шуданд, дидан намуданд.

Дар шаҳри Хоруғ гурӯҳии кории вазорат якҷо бо Раиси ВМКБ аз рафти таъмири  қисмати аввали Маркази саломатии шаҳри  №1-и шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Барои таъмири капиталии марҳилаи аввали маркази мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 524354 сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тавре зикр гардид,  марҳилаи якуми таъмири маркази саломатии  мазкур ба анҷом расида, марҳилаи 2-юми таъмири капиталии он  бо маблағи 27 ҳазор  сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор беморхонаҳои ВМКБ маводи инвентари нарм ва таҷҳизотҳои тиббӣ, аз қабили кати тиббӣ, матрас, болишт, рахти хоб, кампал (одеяло), пулсоксиметр, генератори оксигендиҳӣ 10л тамғаи “Оливер”, каннектор барои оксигенератор дастарс гардид, ки онҳо бо иштироки гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба беморхонаҳо тақдим карда шуданд.

Дар идома гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ, Раиси ноҳияи Роштқалъа Лоиқ Назаршозода аз рафти таъмири бино филиали МД “Истироҳатгоҳи табобатии “Бибӣ Фотимаи Заҳро”-и ноҳияи Ишкошим дар деҳаи Занинс, сехи коркарди коркарди гиёҳҳои шифобахш ва шӯъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи марказии ноҳияи Роштқалъа ва дидан намуданд.

Дар маҷмӯъ, сафари навбатии гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба ВМКБ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Пас аз  шиносоӣ  бо вазъ ва   шароити   муассисаҳои тандурустиву табобатӣ  дар асоси супориши роҳбарияти Вазорати тандурустиӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед дар  аттестатсияи тахассусии кормандони  соҳаи тибби шаҳру навоҳии ВМКБ   иштирок намуд. Дар маҷмӯъ, 211 нафар аз табибони вилоят аз аттестатсия гузаштанд, ки 37 нафари онҳо ба ҳайси роҳбар фаъолият менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар манотиқи мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ВМКБ босуръат рушд намуда истодааст.

Танҳо давоми солҳои 2018-2021 шумораи умумии сохтмони муассисаҳои тандурустӣ  дар ВМКБ: 12 муассиса ба маблағи 31 миллиону 583 ҳазору 602 сомонӣ, шумораи умумии сохтмони муассисаҳои хусусӣ – 1 адад, муассиса ба маблағи 140 миллиону 639 ҳазору 144 сомонӣ ва шумораи 873 ҳазору 370 сомониро ташкил медиҳад.

Давоми соли 2020 дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” (грант ва қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ) Маркази саломатии Вранг ба маблағи 2 миллиону 1 ҳазору 125 сомонӣ ва Маркази саломатии деҳоти Зонг бо маблағи  1 миллиону 871 ҳазору 813 сомонӣ бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ, мебел, таҷҳизотҳои ғайритиббӣ ва генератори дизелӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Инчунин, марказҳои саломатии деҳотии мазкур ба маблағи умумии 584  000 сомонӣ бо нақлиёти  санитарии тамғаи Foton CLW5039XJH-C5 ва маҷмӯи қисмҳои эҳтиётӣ таъмин гардиданд.

Давоми соли 2021 ба иншооти Коллеҷи  тиббӣ барои 240 донишҷӯ ва хобгоҳ барои 70 ҷой дар шаҳри Хоруғ (бинои маҷлисгоҳ барои 200 ҷой ва толори варзишӣ) ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст.

Ғайр аз ин, ба иншооти “Сохтмони беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим барои 20 кат” ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 120 номгӯи таҷҳизотҳои тиббӣ, маводҳои муҳофизатӣ, безараркунанда ва лабораторӣ (дастгоҳи термометри фосилавӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, маводҳои гигиенӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, дастпӯшакҳои якбормасрафшаванда, бахил, пойпӯшҳои обногузар ва халатҳои якбормасрафшаванда), дастрас гардида, ҷиҳати таъмин намудани  шароити муосид барои табибон ва нафароне, ки бо карантини муваққатӣ қаро гирифта шуданд, инчунин, бемороне, ки дар муассисаҳои табобатӣ ба муолиҷа фаро гирифта шуданд, дастрас ва таъмин гардиданд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои болозикр яке аз дигар ҳадафҳои гурӯҳи кории вазорат ин гузаронидани мизи мудаввар оид ба амалишавии “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ шудааст, ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, 5-6 апрели соли 2021 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вохӯриҳои ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла раёсатҳои маориф, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустии вилоятӣ, сармеъмори вилоят, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва дигар сохторҳои алоқаманд баргузор карда шуданд. Дар баробари ин, 5 апрел бо иштироки сардорону мудирони сохторҳои маҳаллии болозикр семинари машваратӣ доир карда шуд.

Дар кори семинар муовини раиси вилоят, сарпарасти соҳа Иматшозода Анвар, инчунин роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии сатҳи ҷумҳуриявӣ: Зикрихудоев Асадулло, Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Шарипов Маннон, раиси Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон ва Бобоев Муҳиддин, сардори Шӯъбаи Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 710
  • 1,242
  • 949,730