Даврҳои бозомӯзӣ оид ба МАНФ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”

Даврҳои бозомӯзӣ оид ба МАНФ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”
Апрел 13
16:24 2021

Дар доираи маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” Дастурамали механизми  маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият (МАНФ)-ро дар таҳрири нав аз чоп бароварда, дастраси  мутахассисон гардонид. Ин дастурамал ҳамчун раҳнамои муайянкунандаи механизми маблағгузории иловагӣ барои мутахассисони тибби оилавӣ, ки дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ фаъолият доранд, пешниҳод гардид. Бояд  зикр намуд, ки механизми  пардохти иловапулиҳо аз руи натиҷаи фаъолият аз соли 2014 дар 10 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ гардида буд. Таҷриба нишон дод, ки дар ин ноҳияҳо сифати хизматрасонии тиббӣ  ба маротиб боло рафта, шароити кору фаъолияти табибон ва ҳамшираҳои оилавӣ натиҷаҳои назаррас доданд.

Аз ин хотир, дар доираи маблағгузории иловагии дуюм 6 ноҳияи дигар вориди ин механизм гардида, дар маҷмӯъ фаъолияти Лоиҳа дар 16 ноҳия  ба роҳ монда мешавад.  Бо назардошти натиҷаҳои бадастомада ва  такмили механизми номбурда, самти фаъолият ва талабот нисбат ба сифати хизматрасонии тиббӣ дар маҳалҳо бозбинӣ гардида, ҳамзамон дар 10 ноҳияи таҷрибавӣ даврҳои бозомӯзӣ баргузор карда шуд.

Мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Қабодиёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Деваштичи вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод бо иштироки 237 нафар роҳбарони  марказҳои саломатии деҳот ва роҳбарони муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ин ноҳияҳои болозикр даврҳои бозомӯзиро гузарониданд.

Зимни вохуриҳо мутахассисон дар хусуси тағйиру иловаҳо дар  бахши нишондидандаҳои   МАНФ,  тартиби пардохти  иловапулиҳо ва роҳҳои дурусти истифодаи онҳо барои рушди сохтор дар маҳалҳо, роҳу усуслҳои  самараноки дастгирии кормандони соҳа, бахусус кормандони миёнаи тиб дар сатҳи деҳот маслиҳату машваратҳо доданд.  Аз ҷумла, қайд гардид, ки минбаъд таваҷҷуҳи бештар  ба ташрифҳои хонагӣ (патронаж) аз ҷониби кормандони тиб дода  хоҳад шуд.

Баланд бардоштани маърифати тиббии мардум, ҷалби бештари шаҳрвандон барои ҳифзи саломатии худ ва аҳли хонавода, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан ба фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва тарғиби  ташаккули тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳоест, ки  бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад. Тибқи Дастурамали нав, кормандони тиб аз руи 7 нишондиҳандаи миқдориву сифатӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт, ки яке аз онҳо кор бо ханаводаҳост. Ташрифи бештар ва босифат ба хонаводаҳо барои огаҳии ҳамешагӣ доштани кормандони тиб аз вазъи сиҳатии ҳар як аъзои хонавода ва пешгириии бемориҳо, ҳамчунин табобати саривақтии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи мазкур дар назар дорад, ки чунин даврҳои бозомузиро оид ба  истифодаи дурусти таҷҳизоти компютерӣ ва системаи ягонаи электронӣ дар ноҳияиҳои таҷрибавӣ ба роҳ монад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 737
  • 1,242
  • 949,757