Имрӯзҳо бо мақсади татбиқи босамари “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” дар вилояти Хатлон миёни менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ даврҳои омӯзишӣ баргузор гашта истодааст.
Иқдоми мазкур бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки даврҳои омӯзишӣ ҳамзамон дар доираи тадбиқи “Нақшаи стратегии рушди кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз руи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” роҳандозӣ гардидааст.
Даврҳои омӯзишӣ дар диораи “Муҳоҷирони баргашта” баргузор гардида, дар кори он менеҷерони кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ, табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавии ноҳияҳои Хуросон, А.Ҷоми, Ёвон, Дустӣ, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайхун, Кушониён, ва Вахш ҷалб карда шудаанд.