Даврҳои омӯзишӣ ва амалиётҳои намоишии ҷарроҳӣ дар доираи баргузории мулоқотҳои соҳавии табибони Швейтсария дар Тоҷикистон

Даврҳои омӯзишӣ ва амалиётҳои намоишии ҷарроҳӣ дар доираи  баргузории мулоқотҳои соҳавии табибони Швейтсария дар Тоҷикистон
Ноябр 13
16:54 2017

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кории табибон анестезиолог-реаниматологҳо, ҷарроҳон аз ҷумла ҷарроҳони кӯдакона, ҳамшираҳои тиббии қисмҳои ҷарроҳӣ ва ҳамшираҳои тиббии беҳисгардонӣ аз 23 октябр то 4 ноябри соли 2017 дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ», «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ва Беморхонаи клиникии вилоятии шаҳри Хоруғ, дар доираи баргузории мулоқотҳои соҳавии табибони Швейтсария дар Тоҷикистон, даврҳои омӯзишӣ ва амалиётҳои намоишии ҷарроҳӣ гузаронида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ин чорабиниҳои дар доираи  Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷарроҳони Швейтсария, Фонди Юрг Амман сурат гирифт.

Дар заминаи мулоқотҳои соҳавии табибони Швейтсария дар Тоҷикистон ва роҳандозӣ намудани даврҳои омӯзишӣ ва амалиётҳои намоишии ҷарроҳӣ,  дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ва таваллудхонаи шаҳрии №3-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе даврҳои омӯзишии назариявӣ ва амалӣ дар мавзӯи «Ташхиси саривақт, муайянсозии дисплазия ва баромади модарзодии буғуми косу рон ва табобати он» гузаронида шуданд. Дар даврҳои омӯзишии мазкур табибон – неонатологҳо аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ, Маркази миллии тиббӣ, муассисаҳои таваллудии шаҳри Душанбе ва шӯъбаҳои таваллудии беморхонаҳои марказии ноҳиявии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 3 ноҳияи вилояти Хатлон иштирок намуданд. Дар интиҳои даврҳои омӯзишӣ ба 45 нафар неонатологҳо сертификатҳо супорида шуд.

Инчунин, 2 муассиса Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ва Таваллудхонаи №3-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳамчун муассисаҳои таҷрибавӣ интихоб шуда, бо 2 адад таҷҳизотҳои тиббии махсуси фаросавтӣ   ҷиҳозонида шуданд.

Дар заминаи Маркази миллии тиббӣ даврҳои омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Усулҳои ҷарроҳии гипостпадия, гузоштани анастамози рӯда дар кӯдакон, усулҳои бедардкунии баъди амалиётӣ дар кӯдакон, усулҳои муосири ҷарроҳӣ ҳангоми атрезияи сурхрӯда, табобати иншоорӣ дар кӯдакон»  гузаронида шуд. Дар даврҳои омӯзишӣ 49 нафар табибони эҳёгар, ҷарроҳон, ҷарроҳони кӯдакона ва педиатрҳо иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар доираи чорабиниҳои суратгирифта  аз ҷониби ҷарроҳони швейтсарӣ ба 20 нафар кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии роҳҳои пешоббарор ва системаи ҳозима муоина ва машваратҳо гузаронида шуданд. Инчунин ҷарроҳони швйетсарӣ  бо ҳайати табибони кафедра, кормандони шӯъбаҳои марказ ва ходимони илмии Маркази  ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ  ва ҷарроҳии кӯдакона суҳбату мулоқот намуда дар  муҳокимаи беморон пеш аз ҷарроҳӣ иштирок варзидаанд.

Инчунин дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» барои 38 нафар ҳамшираҳои қисмҳои ҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, Маркази миллии тиббӣ ва Маркази вилоятии  саратоншиносии вилояти Суғд даври омӯзишӣ дар мавзӯи «Гигиенаи дастон, қоидаҳои тамйизгардонӣ ва риояи бехатарии клиникӣ» гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин замина  аз ҷониби ҷарроҳони Швейтсарӣ муоинаи 158 нафар, амалиёти ҷарроҳӣ ба 22 нафар ва беҳискунии 29 нафар беморони гирифтори бемории саратон гузаронида шуд.

Тибқи нақшаи корӣ ҷиҳати дар  амал тадбиқ намудани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷарроҳони Швейтсария, Фонди Юрг Амман,   дар заминаи Беморхонаи вилоятии клиникии вилоятии шаҳри Хоруғ амалиётҳои намоишии ҷарроҳии умумӣ ва даврҳои омӯзишии назариявию амалӣ дар ин самт гузаронида шуд. Ҳамзамон дар беморхонаҳои марказии ноҳиявии ноҳияҳои Рӯшону Мурғоб мулоқотҳо барои ҳамкориҳои минбаъда  сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 901
  • 1,242
  • 949,921