Даври омӯзишӣ дар мавзӯи «Назорати сифати хизматрасонии тиббӣ»

Даври омӯзишӣ  дар мавзӯи «Назорати сифати хизматрасонии тиббӣ»
Декабр 09
17:45 2022

Бо мақади баланд бардоштани иқтидор ва нерӯи кадрии мутахассисоне, ки барои гузаронидани баҳогузорӣ ва назорати сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ масъуланд, даври бозомӯзии кутоҳмуддат баргузор гардид.

Ҳадаф аз бургузории даври омӯзишии мазкур ин беҳтар намудани малака ва таҷрибаи мутахассисони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба баҳогузорӣ ва назорат намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии кишвар, инчунин тартиби таҳияи ченакҳо (индикаторҳо)-и баҳогузории сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи миллӣ мебошад.

Даври бозомӯзии мазкур аз 5-ум то 9-уми декабри соли равон дар меҳмонсарои «Атлас» -и шаҳри Душанбе идома ёфт.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» «Гранти Бонки ҷаҳонӣ-D 547-TJ» бо ҷалби мушовири байналмилалӣ аз «Маркази миллии илмии рушди тандурустӣ ба номи Салидат Каирбекова»-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон  доир гардид.

Дар анҷоми чорабинии мазкур тамоми иштирокчиёни даври омӯзишӣ бо сертификат сарфароз гардиданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,025
  • 1,242
  • 950,045