ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара дар як рӯз то 15 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба муассисаҳои гуногуни тиббии Тоҷикистон мерасонад

ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара дар як рӯз то 15 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба муассисаҳои гуногуни тиббии Тоҷикистон мерасонад
Май 13
12:48 2020

Корхонаи ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара, ки 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд, дар ду баст то 15 ҳазор ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва 1000 тампон дар як рӯз истеҳсол мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

«Корхона аз 2 феврал ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо шурӯъ намуда, то имрӯз беш аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқобҳои тиббӣ ва 420 ҳазор шиша маҳлули антисептикӣ истеҳсол кардааст», — гуфт манбаъ.

Маҳсулоти корхона ҳамарӯза ба муассисаҳои тиббӣ,  дорухонаҳои мамлакат ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳвил карда мешавад.

ҶДММ «Фарм-Текс»  асосан маҳсулоти тиббӣ, косметикӣ ва гигиенаи шахсӣ истеҳсол намуда, дар як шабонарӯз 2 ҳазор кило пахтаро коркард мекунад.

Ба гуфти роҳбари ҶДММ «Ферм-Текс» Файзиддин Сайфуллоев, айни замон дар корхона 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ кор мекунанд.

«Таҷҳизоти навтарини истеҳсоли Германия ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти баландсифат истеҳсол намоем. Тибқи лоиҳа, дар оянда корхона ният дорад иқтидори истеҳсолии худро афзоиш диҳад»,- гуфт роҳбари корхона.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 620
  • 1,242
  • 949,640