Доир ба баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гашт

Доир ба баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  доир гашт
Март 18
14:18 2021

Имрӯз, 18 марти соли равон дар Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” доир ба баргузории маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, Виктор Олшавский, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар робита ба он, ки дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавирус кай оғоз мегардад, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин самт омодагиҳо ҷараён доранд ва  рӯзҳои наздик марҳилаи аввали иммунизатсия бар зидди ин беморӣ дар мамлакат оғоз хоҳад ёфт.

Бояд гуфт, ки  тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус байни кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе оғоз гардида, марҳила ба марҳила ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузарад.

Ҳар як нафари иммунизатсияшаванда барои пурра пайдо намудани масуният бар зидди сирояти коронавирус бояд ду вояи ваксинаи  “AstraZeneca”-ро бо фосилаи аз 8 то 12 ҳафта (ё 2-3 моҳ) байни ҳарду  вояҳо қабул кунад.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, Виктор Олшавский, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба самтҳои дигари ваксина бар зидди сирояти COVID-19 посухҳои мушаххас доданд.

Барои  дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавируси  COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми рӯзноманигоронро барои фаъолона иштирок намудан дар ин маъракаи оммавӣ даъват менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 ваксинаи ширкати Британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки тибқи иҷозатномаи он дар “Пажўҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рўйхати маводҳои иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодашавандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 72 давлати ҷаҳон истифода бурдаанд.

8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 воя тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) воридшуда барои фарогирии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм пешбинӣ шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 628
  • 1,242
  • 949,648