Доир ба масъалаҳои ғизо ва бемориҳои ба он алоқаманд ҷаласа баргузор гардид

Доир ба масъалаҳои ғизо ва бемориҳои ба он алоқаманд ҷаласа баргузор гардид
Феврал 23
07:28 2024

Рӯзи 22-юми феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №808 “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулназаров Фируз, намояндагони вазорту идораҳои дахлдор, муассисаҳои зерсохтори вазорат ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода зимни ифтитоҳи ҷаласа баён намуд, ки ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат буда, дар солҳои охир қабул гардидани  2 қонун, 2 стратегия, 4 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ, аз муҳим будани масъалаи мазкур гувоҳи медиҳанд. Қайд карда шуд, ки то имрӯз нишондиҳандаи як қатор бемориҳои ба ғизо алоқаманд, аз қабили  камхунӣ, қадпастӣ, ҷоғари эндемикӣ, норасоии вазни бадан, вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, диабети қанд ва саратон ташвишовар мебошанд.

Муҳимияти ҳамаи ин нуқтаҳоро ба назар гирифта, бо мақсади пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулотҳои хӯрокворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Дар доираи амалисозии қонуни мазкур “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардид.

Баъдан, ҳисоботи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба амалисозии нақшаи стратегия ва барномаи болозикр шунида шуда, дар охир нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои соли 2024 ба аъзоён барои тасдиқ пешниҳод гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 685
  • 1,242
  • 949,705