Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: Се соли фаъолияти пурмаҳсул

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: Се соли фаъолияти пурмаҳсул
Май 30
08:13 2019

Таъсис ва бунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки онро метавон иқдоми наҷибу мондагор, ояндабинии хирадмандона, хайрандешӣ, ғамхорӣ ба халқу миллат, ҷавонмардиву ҳимматбаландӣ ва корнамоии камназир қаламдод кард, тадбири саривақтиест, ки он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа, рушду густариш бахшидани соҳаи тандурустии кишвар, беҳтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, омода ва тайёр кардани мутахассисони дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазири соҳаи тиб ва амсоли инҳо роҳандозӣ гардид.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2016 баргузор гардида буд, дар баробари арзёбии масоили дигаре, ки ба сиёсати беруниву дохилии ҷумҳурӣ рабт дошт, роҷеъ ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, вазъи таъминот бо мутахассисони соҳаи тиббиро дар кишвар, бахусус дар вилояти Хатлон нигаронкунанда қаламдод карда, аз ҷумла гуфтанд:

«Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолияш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».

Ҳамин тавр, баъд аз баррасиҳову омодагиҳо ҷиҳати таъсису ташкили Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02 соли 2016, таҳти №79 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар кӯчаи И. Шарифов – 3, н. Данғара қабул карда шуд. Мутобиқи банди 3-юми он вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии ноҳияи Данғара барои таъсису ташкили Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муваззаф гардиданд. Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25.02 соли 2016, таҳти №80 “Дар бораи таъйин намудани У. Қурбон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ба тасвиб расид. Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон расман аз 4-уми марти соли 2016 оғоз гашт.

Мавриди зикр аст, ки 1-уми сентябри соли 2016 ҳамчун санаи таърихӣ барои донишгоҳ ба ҳисоб меравад, зеро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дуюмин муассисаи олии касбии тиббӣ ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ оғоз намуд. Дар асоси стандартҳои давлатӣ, барномаҳо ва нақшаҳои таълимии донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрӣ” ва “Стоматологӣ” раванди таълим ба роҳ монда шуд. Вобаста ба хусусияти фанҳо ва соатҳои таълимӣ барои курсҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи 62 фанни таълимӣ, ки дар маҷмуъ 59342 соатро ташкил медиҳад, 8 кафедра (3 кафедраи тиббӣ- ихтисосӣ ва 5 кафедраи умумитаълимӣ) ташкил карда шуд, ки фаъолият намуда истодаанд.

Дар натиҷаи аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ҳамзамон дуруст истифода намудани имкониятҳо дар давоми се сол ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муяссар гардид, ки ба комёбиҳои назаррас ноил гарданд. Аз ҷумла, 2 нафар барандагони Дипломи “Донишҷӯи солҳои 2016 ва 2017” дар вилояти Хатлон, 1 нафар ғолиби ҷойи сеюм дар озмуни “Донишҷӯи соли 2017” дар сатҳи ҷумҳурӣ, 2 нафар ғолиби ҷойи дувум, 3 нафар ҷойи сеюм ва 6 нафар барандагони ҷойҳои ифтихории Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2016 -2019, 2 нафар Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба намуди варзиш ва 4 нафар ғолибони озмунҳои маърифатию зеҳнӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ, 6 нафар дорандаи Дипломҳои дараҷаи 1 ва 2 аз Конференсияи байналмилалӣ мебошанд. Қадршиносӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёни фаъолро раёсати донишгоҳ  ҳамасола дар арафаи таҷлили “Ҳафтаи ҷавонон” ба ҳукми анъана даровардааст. Дар давоми се сол ин зумра донишҷӯён ва олимони ҷавони донишгоҳ, ки 210 нафарро ташкил додаанд, бо Ифтихорномаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Дар ин радиф метавон қайд намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён моҳи апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон «Клуби сайёҳӣ» таъсис дода шуд. Дар ин давом 36 маротиба тибқи хатсайрҳо донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеҳои сайёҳии вилояти Хатлон сафар намуданд. Инчунин, 16 маротиба вохӯрӣ бо олимони маъруфи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва намояндагони соҳаи илму фарҳанги кишвар, 60 чорабинии маърифатию фарҳангӣ ва 8 вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти қудратиро барои кормандону донишҷӯён дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудааст.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки яке аз вазифаҳои асосии дигари роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фароҳам овардани шароитҳои мусоид мебошад. Зеро ба роҳ мондани раванди босифати таълим, ба вуҷуд овардани заминаи пурқуввати моддию техникӣ, таҳияи барномаҳои таълимии ҷавобгӯи замон, дастрас будани китобу дастурҳои илмиву таълимӣ, таҷҳизоти зарурии таълимиву озмоишӣ, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлат оид ба мустаҳкам намудани соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад.

Баҳри марҳила ба марҳила амалӣ намудани мақсаду вазифаҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ бо дастгирӣ ва кӯмакҳои Ҳукумати малакат ва дигар муассисаҳои давлатии кишвар дар муддати солҳои 2016-2019, гарчанде дар қиёс ба муассисаҳое, ки зиёда аз 50 сол иҷониб фаъоланд, ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гаштааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи моддӣ, маданӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳайати омӯзгорону кормандон ва тамоми сохторҳои тобеи донишгоҳ ҷиҳати пурзӯр намудани ҳавасмандии онҳо, барои беҳтар намудани сифати раванди таълим, тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар доираи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳои мазкурро танзим намуда, шаклҳои музди меҳнат ва истифодаи мақсаднокии онро дар ин муддат кор карда баромадааст.

Санаи 5-уми ноябри соли 2018 аҳли донишҷӯён, кормандон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд. Президенти кишвар зимни ифтитоҳи биноҳои таълимӣ дар мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои давлатии масъул супориш доданд, ки дар ҳудуди донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар муҳлати наздиктарин сохтмони бинои Клиникаи донишгоҳӣ оғоз карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки аз  22-юми апрели соли 2017 сохтмони бинои асосӣ ва 3 бинои таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки барои фарогирии беш аз 5000 донишҷӯ бунёд мегардад, бо маром идома дорад. Нақшаи сохтмони иншооти донишгоҳ аз қисмати биноҳои алоҳидаи таълимӣ, бинои маъмурӣ, бинои толорҳои лексионӣ, бинои китобхона, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, бинои Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ, биноҳои варзишии пӯшида ва кушода, биноҳои хоҷагии ёрирасон ва иншооти манзилӣ-маишӣ (хобгоҳҳо барои донишҷӯёну аспирантон ва биноҳои зист барои омӯзгорон) тарҳрезӣ шудааст.

Воқеан, тибби тоҷик таърихи бою рангин дорад ва ҳар як донишҷӯ ва олими ҷавонро зарур аст, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тибби муосир, инчунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафаккирони гузашта баланд бардорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 727
  • 1,242
  • 949,747