Чанде қабл дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони донишгоҳ барои соли нави таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.
Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон омӯзгоронеро, ки бо фаъолияти пурсамарашон дар пешрафти донишгоҳ натиҷа ва дастовардҳои назаррас доранд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Точикистон бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодагии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба соли нави таҳсил, натиҷаи озмуни қабули кормандони ҲПО, қабули донишҷӯён ба курси якум, тасдиқи нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2020 – 2021 баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси кафедраи нави ҷарроҳии № 2 ва тасдиқи Низомномаи он, тағйироти кадрӣ дар ДДТХ, гузаронидани як гурӯҳ донишҷӯён аз таълими ғайриройгон ба ройгон, ба иҷора гирифтани манзилҳои истиқоматӣ ва идоравӣ, тайёрӣ ба гузаронидани аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд.
Дар охир таъкид гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳар як омӯзгор аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар якҷоягӣ баҳри пешбурди фаъолияти донишгоҳ саҳмгузор бошад.