Допплерографияи ғадуди сипаршакл: Чаро ташхис муҳим аст?

Допплерографияи ғадуди сипаршакл: Чаро ташхис муҳим аст?
Апрел 19
12:10 2021

Аз чунин як узви хурдакаки ба шабпарак монанд, ки дар қисмати пеши гардан ҷойгир аст, фаъолияти тамоми организм вобастагӣ дорад. Ғадуди сипаршакл – танзимгари асосии табодули моддаҳо ба шумор меравад.

Бинобар ҳамин, ба одамони солим муфид аст, ки соле 2-3 маротиба  аз назорати табиби мутахссис гузаранд, то итминон ҳосил намоянд, ки ин узв функсияи худро чӣ гуна иҷро менамояд. Дар ҳамин ҳол, он нафаре, ки аллакай аз бемориҳои вобаста ба ғадуди сипаршакл ранҷ мебарад, ногузир ҳар сол ҳадди ақал як маротиба бояд аз ташхис гузарад.

То чӣ андоза мушкилоти вобаста ба ғадуди сипаршакл ҷиддист? Вобаста ба ин мавзуъ шарҳи табиби бемориҳои дарунӣ  Одинаева Нилуфар Абдусатторовна дар  суҳбат бо хабарнигори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад.

Бемории ғадуди сипаршакл – яке аз бемориҳои дар ҷаҳони муосир ба таври густурда паҳншуда мебошад. Азбаски аар байни эндокринияи патологӣ онҳо аз рӯи аломатҳои пайдоиш пас аз бемории диабети қанд дар ҷои дуюм қарор доранд, бинобар ҳамин ҳамасола сафи мубталоён ба бемории мазкур афзудан дорад. Ҳамин тавр, танҳо дар байни се сол – аз соли 2013 то 2016 сатҳи гирифторӣ ба он 12% афзоиш ёфтааст.

Ихтилоли (отклонения) ғадуди сипаршакл дар ҷисми 20% калонсолон (дар баъзе навоҳӣ ин нишондод то ба 50% мерасад) вомехӯрад. Патологияи ғадуди сипаршакл, ки дар ҳамаи синну сол ташхис шудааст, аз он ҷумла ба таври маъмул дар кӯдакон низ инкишоф меёбад. Азбаски новобаста ба андозаи хурд доштанаш ин узв ба ҷараёни фаъолияти бисёр система ва аъзои дигари организм таъсир мерасонад, аз ин рӯ, ташхиси ғадуди сипаршакл мушкил аст. Яке аз усулҳои ташхис – допплерографияи ғадуди сипаршакл ба шумор меравад.

– Лутфан сараввал худи мафҳуми допплерографияро ба хонандагон шарҳ медодед?

– Тартиби муолиҷа яке аз усулҳои УЗИ – и рагҳо мебошад, ки он ба тарзи таъсиррасонии Допплер – инъикоси тағйирёбии мавҷҳо аз ҳаракати хун асос ёфтааст.

Допплерография мисли дигар намудҳои УЗИ амалан ягон нишондоди манфӣ надорад, барои организм безарар аст ва қиматаш ҳам он қадар гарон нест ва дастрас мебошад. Тадқиқотро метавон вобаста ба зарурат ва ногузирӣ дар муддати кӯтоҳе якчанд маротиба дар ҷисми беморон новобаста аз синну соли гуногун доштани онҳо гузаронд.

УЗИ – и ғадуди сипаршакл усули  беҳтарини ташхиси узви мазкур мебошад. Аз сабаби он ки ғадудҳои эндокринӣ хеле ба радиатсия зиёд дучор меоянд, аз ин рӯ, мавҷҳои ултрасадои барои онҳо безараранд.

Допплерография ҳангоми ташхиси бармаҳалии омоси ғадуди сипаршакл арзиш дорад. Бо кумаки допплерометрияи ултрасадоӣ метавон неоплазмаро тасаввур намуд, андоза, сохтор, мавқеъ, мавзеи ҷойгиршавӣ ва гардиши хунро дар ин ноҳия муайян намуд.

Дар ҳолати гумонбарӣ ба бемории саратон, тибқи қоида, биопсияи пунксионалӣ – интихоби биоматериал барои таҳқиқоти амиқ гузаронда мешавад, ки ҷиҳати муайянсозии табиати ҳуҷайраҳо  ёрӣ мерасонанд.

– Нишондодҳо барои допплерометрияи ултрасадоӣ (УЗДГ) – и ғадуди сипаршакл кадомҳоянд ва кадом бемориҳо барои ғадуди сипаршакл  хос мебошанд?

– Норасоиҳои модарзодӣ, ба мисли, набудани яке аз лобаҳои ғадуд, андозаи ниҳоят хурди он, функсияҳои камшуда, дуршавӣ аз ҷойгиршавии меъёрӣ;

Бемориҳои неопластикӣ ё паҳншаванда – илтиҳоб, васеъшавии андоза ва ғайра. Дар ин ҳолат параметрҳои гардиши хун дар рагҳои хурди ғадуд имкон медиҳад, ки тағирот дар сохтори узв дар марҳилаҳои аввал ҳис карда шавад.

Зарарҳои фокусӣ (таркишӣ)  – аденомаҳо, ҷоғар, кистаҳо ва дигар  форматсияҳои бад ва бадсифат. Инҳо то андозае бемориҳои хавфноканд, биноан, барои ташхиси бармаҳалии онҳо тамоми маҷмӯи усулҳои ташхис истифода мешаванд.

Допплерография хусусияти ҷараёни хунро арзёбӣ мекунад, ки дақиқӣ ва мундариҷаи иттилоотии натиҷаҳои ултрасадои ғадуди сипаршаклро зиёд мекунад. Арзёбии шиддати ҷараёни хун шароит фароҳам меорад, ки ҳолат ва кори узв омӯхта шавад, тағиротҳои гуногуни патологӣ, аз ҷумла ташаккулёбии омос ташхис ёбад.

– Нилуфар Абдусатторовна! Акнун мехостам ба ин масъала рӯшанӣ андозед, ки дар кадом ҳолатҳо муоинаи ғадудҳои сипаршакл гузаронида мешаванд?

– Ҳангоми васеъшавии ин узв, ки бо усули визуалӣ муайян карда мешавад, ҳангоми палпсия боиси шикояти ҳисси ҷисми бегона дар гардан мегардад ва инчунин, дар ҳолати ихтилоли эндокринӣ, ки бо вайрон шудани набзи дил, гипертонияи артериявӣ, бехобӣ, тағирёбии кайфият ва дигар нишонаҳо зоҳир мешаванд гузаронидани муоинаи ғадудҳои сипаршакл гузаронидатавсия дода мешаванд.

– Допплерография чӣ гуна мегузарад?

– Омодагии қаблӣ барои допплерометрияи ултрасадоӣ (УЗДГ) ғадуди сипаршакл зарур нест. Барои ба ҳаракат даровардани сенсори дастгоҳи ултрасадо дар паҳлӯяшон гардан ва минтақаи клавитаро луч кардан кифоя аст. Дар асоси натиҷаҳои скан, духтур дар бораи намуди нақши рагҳои ғадуд хулоса бароварда, мавҷудият ва фаъолияти ҷараёни хунро дар минтақаи омос муайян мекунад. Натиҷаи онро бошад, худи эндокринолог шарҳ медиҳад.

– Норасоии ғадуди сипаршаклро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

– Ихтилоли сипаршакл маъмултарин гипотиреоз ва гипертиреоз (норасоии ва зиёд будани ҳормонҳо), тиреоидити Ҳашимото ва бемории Бендаун (патологияҳои аутоиммунӣ) мебошанд. Тайи солҳои ахир миқдори бемориҳои онкологии ғадуди сипаршакл рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Тағироти печидаи гиреҳи бофтаи сипаршакл дар амалияи тиббӣ нисбат ба иллатҳои паҳншуда бештар дида мешавад ва ҳам имтиёзи ғамангезе барои занон мебошанд. Ба иллатҳои фокалӣ-гиреҳии ғадуди сипаршакл фокусҳои илтиҳобӣ, абсес, ташаккулёбии иловагӣ, ҷоғарии гиреҳӣ, аденома ва омосҳои бадсифат дохил мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, кистаҳо дар экограмма ин шикофҳои моеъ, ҳамвор-тунуки девордор бо шакли мунтазам байзашакл ё мудаввар мебошанд, ки бидуни инъикоси акустикии дохилӣ; дар ҳолати супурдани киста, дар таркиби он суспензияи эхогениро тасаввур кардан мумкин аст. Гиреҳҳо бошанд, форматсияҳои ҳаҷмӣ ҳастанд, ки ҳангоми сканери ултрасадо ҳамчун сохторҳои ба ҳам бофтаи тағирнашавандаи атроф гетерогенӣ тасаввур карда мешаванд, ки дорои ҳудуди равшан, шаклҳои байзашакл, мудаввар ё номураттаб дар буриш, сохтори дохилии дараҷаҳои мухталифи ҳамҷинс мебошанд. Бинобар ҳамин, аксар вақт, ҳангоми осеби варами ғадуди сипаршакл, аденома – омоси хушсифат ба амал меояд, ки баъзе аломатҳои некӣ дорад.

– Барои чунин  шарҳи муфассали мавзӯъ ба Шумо арзи сипос менамоем.

Мусоҳиб: М. Мақсадуллоҳ

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 640
  • 1,242
  • 949,660