Ҳамасола 24 март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар тамоми кишварҳои ҷаҳон чорабиниҳои зиёди иттилоотӣ ва маърифатӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур доир мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти мубориза бар зидди бемории сил фаъолона иштирок намуда, ҳамасола бахшида ба ин сана дар мамлакат чорабиниҳои зиёд доир мегарданд.
Тайи чанд соли охир дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил дар шаҳрҳои бузурги дунё як бино ҳамчун рамзи ҳамраъйӣ бо шахсони аз сил осебдида бо чароғи сурх равшан карда мешавад.
Ба ин муносибат шоми дирӯз, 24 марти соли равон бинои Наврӯзгоҳи Душанбе низ бо чароғи сурх равшан карда шуд ва ба ин васила тоҷикистониён ҳамраъйии худро ба шахсони аз сил осебдида изҳор намуданд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид.
Инчунин, бо ташаббуси Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар кӯчаву бозор ва дар ҷойҳои серодам ба шаҳрвандони маводи иттилоотӣ оид ба бемории сил тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил Ташкилоти байналмилалии тиббии “Духтурони бидуни марз” дар Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемории сил ва Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, ки зертобеъи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба хотири қадрнамоии кӯдаконе, ки ҷасурона табобати бемории силро пасисар намуда истодаанд, чорабинии идона баргузор намуд.
Дар чорабинӣ дастаи солимии равонии “Духтурон бидуни марз” ва кормандони беморхонаҳо байни кӯдакон озмунҳои рассомӣ ва дигар машғулиятҳои фароғатӣ доир намуданд. Ҳамин тавр, ғолибон бо маҷмӯъи қаламҳо барои рангкунӣ, аз ҷумла китобҳои рангкунӣ ва бастаи рангҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки агар гирифторони ин беморӣ табобатро пурра риоя намоянд, шифо ёфта, ба оилаҳои худ бармегарданд.
Бояд гуфт, ки дарёфт, ташхис ва табобати бемории сил дар кӯдакон то ҳол як мушкилоти клиникӣ дар тамоми ҷаҳон боқӣ мемонад.