Апрел 14
15:26
2021
Имрӯзҳо маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон дар миёни кормандони соҳаи маориф ва илми шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.
Кормандони соҳаи маориф ва илми пойтахт бо дарки зарурати гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси нави COVID-19 дар ин маърака фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 7 апрели соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар 16 муассисаи таълимӣ маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи маориф ва илм оғоз гардид.