Душанбе: коршиносон масъалаи ғизоро баррасӣ намуданд

Душанбе: коршиносон масъалаи ғизоро баррасӣ намуданд
Март 12
09:13 2020

Бо мақсади  беҳтар намудани  сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва наврасон, ҷалби шарикони рушд ва маблағгузорӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон, таъмини устувории тамоюли пастшавии нишондодҳои беморшавӣ ва фавти модарону кӯдакон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба ҳифзи саломатии модарону кӯдакон ва наврасон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода,  намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози Ҳаракати глобалии “Васеъкунии миқёси фаъолият дар соҳаи ғизо” (Scaling Up Nutrition – САН) дар Тоҷикистон, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амал мекунад, Шӯрои ҳамоҳансоз оид ба солимии репродуктивӣ, саломатии модар, навзод, кӯдакон ва наврасон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони марказҳои илмию тадқиқотӣ ва институтҳо оид ба ғизо, намояндагон аз минтақаҳо ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикимтон Саида Умарзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таъмини ғизо яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишварамон маҳсуб меёбад. Ғизо аз рӯзи пайдоиш то охири ҳаёти инсон дорои нақши бузург мебошад. Ғизо дар таъмини маҳсулнокии меҳнат, зиндагии босифат ва дарозумрии инсон низ нақши муҳим мебозад.

-Бо эълон намудани баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун ҳадафи олии худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастёбӣ ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинишуда тавассути ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди босуботи иқтисодӣ, таҳкими нерӯи инсонӣ ва дигар масъалаҳо  фаъолияти худро равона месозад. Аз ин рӯ, самти афзалиятноки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидани тадбирҳои самарабахш оид ба беҳтар намудани вазъи истеъмоли ғизо, бахусус дар байни кӯдакон ва модарон мебошад,-афзуд ӯ.

Қайд гардид, ки ҳадафи чорабинии мазкур дарёфт кардани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо оид ба натиҷаҳои тадқиқоти «Оптима Нутришн» (Ғизои оптималӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғоз намудани муҳокимаи пешнависи Нақшаи миллии бисёрсоҳавӣ оид ба ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 710
  • 1,242
  • 949,730