Эмомалӣ Раҳмон: «Ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарвариро талқин мекунад»

Эмомалӣ Раҳмон: «Ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарвариро талқин мекунад»
Май 23
14:55 2020

Ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувватро бо дӯстону ҳамкорон талқин мекунад. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди Фитр иброз доштанд.

Бино ба суханони Сарвари давлат,  раҳму шафқат ва кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, беморону шахсони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо дар таълимоти дини мубини ислом қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад. «Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагону муҳтоҷон аз фазилати ҳаҷҷи акбар ҳам зиёдтар аст. Ба эҳтиёҷмандону дармондагон додани фитри рӯза низ савоби зиёд дорад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид дошта буданд, ки дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.

«Шахсони парҳезгору хайрхоҳ дар моҳи шарифи Рамазон корҳои савобро бештар анҷом медиҳанд, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷону мусофирон дасти кумаку ёрмандӣ дароз мекунанд. Омезиш ва пайванди устувори арзишҳои миллӣ ва диниву фарҳангӣ моро ба амалҳои хайру савоб, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи дурусти насли наврас ва тарғиби илму маърифат ҳидоят мекунад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 670
  • 1,242
  • 949,690