Ноябр 03
12:20
2020
Бо мақсади пешгирии истифодаи маводҳои дорувории муҳлати истифодаашон гузашта давоми 9 моҳи соли 2020 фаъолияти 409 муассисаҳои фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуданд.
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 11392 адад аз муомилот гирифта шуданд.
Ҳамзамон, бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 56 918 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифати ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.
(Акс аз бойгонӣ)