Фаъолияти панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ муваққатан баста шуд

Июн 21
11:59 2019

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон фаъолияти панҷ адад ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ ба хотири риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва истифодаи маводҳои дорувории ба талабот ҷавобгӯ набуда муваққатан қатъ карда шуд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба moh.tj иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни баргузории як санҷиши фаврии мутахассисон дар ҳуҷраҳои дандонпизишкии шаҳри Бохтар маълум гардид, ки дар баъзе аз ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ  қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя нагардида, ҳамчунин қисмате аз ин ҳуҷраҳо ба таъмир ниёз доранд.

“Дар рафти санҷиш  фаъолияти панҷ ҳуҷраи дандонпизишкӣ барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва таъмирталаб буданашон манъ карда шуда, ҳамчунин нисбати мудири як ҳуҷраи дандонпизишкӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд”,-афзуд манбаъ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 955
  • 1,242
  • 949,975