Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ниҳодҳои тандурустиро дар 6 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар ибтидо мушовири вазир Дилором Содиқова дар хусуси натиҷагирӣ аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” давоми даҳ соли қабули он ва пешниҳодҳо барои ворид кардани тағиру иловаҳо ба он ҳамовозии аҳли соҳаро иброз намуд. Вазир Насим Олимзода ҳамзамон супориш дод, ки гуруҳҳои корӣ барои ташвиқоти ин қонун дар ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ, донишгоҳ ва коллеҷҳои тиббӣ ташкил карда шаванд ва ин гуруҳҳои кории доимоамалкунанда фаъол бошанд. Пушидани либосҳои бегона дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба хусус дар муассисаҳои таълимии тиббӣ аз байн бурда шавад. Танзими расму оин, зиёдаравӣ дар баргузории маросимҳои тую хурсандӣ ва маросимҳои азодорӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Баъдан муовини якуми вазир Умарзода Саида Ғайрат аз фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2017 ба таври муфассал маълумот дод. Пешгирии марги модару кудак, муоинаи ҳатмии никоҳшавандагон, пешгирии воридоти доруҳои қалбакӣ ва фаъолияти табибон бо ширкатҳои дорусозӣ ва доруфурушӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти хадамотҳои назоратӣ, пешгирии холатҳои корупсионӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки бештар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд..
Дар охир намояндаи Дастгохи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Зафар Гулаҳмадзода фаъолияти сохторро баррасӣ намуда, ҳамзамон аз супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки баҳри иҷрои ин дастуру супоришҳо ҳамаи фаъолияти худро равона месозем.