Фарзандони бонангу номуси кишвар барои ҳифзи суботи Ватан ҳамеша омодаанд

Фарзандони бонангу номуси кишвар барои ҳифзи суботи Ватан ҳамеша омодаанд
Июл 24
10:12 2021

Баргузории санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири омодагӣ баҳри ҳифзи марзу буми мамлакат, ҳимояи якпорчагии хоки муқаддаси Ватан,  бори дигар бознигарӣ намудани вазъи феълии сохторҳои мудофиавӣ ва қудратии  мамлакат дар ҳолатҳои бонги хатар ва дар ин замина санҷидани нерую тавоноӣ ва иқтидорӣ кадрӣ ва техникии соҳаи мудофиаи кишвар мебошад.

Боиси сарфарозист, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди қувваҳои мусаллаҳи мамлакат як қатор тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуд.

Дар ин росто, қобили зикр аст, ки воқеан ҳам давоми 30-соли соҳибистиқлолии давлатӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини сулҳу оромӣ ва амнияти кишвар бо навтарин таҷҳизоти муосир таъмин гардида, инчунин, кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ омода карда шуданд.

Тавре аён аст, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дифои марзу буми Ватан, ҳар порча хоки Ватани муқаддасамон дорои тамоми имконот ва шароити мусоид мебошад.

Хосатан, дар ин давра баҳри таъмини соҳа дар самти ҳимояи манфиатҳои давлат ва миллати хеш дар сарҳадоти кишвар ҷузъу томҳои кишвар пурра бо таҷҳизот ва лавозимоти муосир таъмин гардидааанд.

Тавре  иттилоъ дорем, субҳи 22 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ 100 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ, дар маҷмӯъ, 230 ҳазор нафар бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада, ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Ҳамчунин 20 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иловатан барои пуррагардонии қисмҳои ҳарбии сарҳадбон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта, ки анҷомбахши санҷиши омодагии ҷангии «Марз-2021» буд, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд гузашт.

Воқеан, баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми таҷҳизот ва техникаи муосири ҷангӣ буда, омодааст, ки марзу буми кишварро аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дорад.

Барҳақ, дар замони имрӯза доштани  артиши бузурги мусаллаҳ бо техникаву таҷҳизоти муосири ҷангӣ талаби замон мебошад, зеро бо пайдо шудани ҳаргуна хатару таҳдидҳое, ки ба сулҳу оромии давлат ва миллатҳо таҳдид мекунанд, ҳамоно эҳтимоли нооромӣ ва носуботӣ дар олам ва кишварҳои минтақа дар ҳоли афзудан аст.

Бинобар ин, баргузории чунин як чорабинии сатҳи баланд, ки давоми 30-соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аввалин бор сурат гирифт ва ҳатто дар минтақа назираш нест, худ гувоҳи он аст, ки Роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари  ҳимояи марзу буми кишвари хеш, ҳамзамон, баҳри пойдории сулҳу оромии минтақа низ талош меварзад.

Бояд гуфт, ки зимни суханронӣ дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳ қарордошта қотеона иброз доштанд, Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад:

«Қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем», — таъкид доштанд Пешвои миллат.

Ҳамзамон сарвари давлат илова намуданд, ки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарин, кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо мебошад ва бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем.

Перомуни қудрати мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикитон бобати нигоҳдошти амнияту суботи ҷамъиятӣ ва ҳифозати марзу буми Ватан мақомоти қудратӣ ва коршинсони ҳирфаии ҷаҳонӣ аз тавоноии қушунҳои низомии ҷониби Тоҷикистон хуш истиқбол менамоянд.

Маврид ба ёдоварист, ки амнияти марз миёни кишварҳои минтақа бо Афғонистон зери таваҷҷуҳи кишварҳои Осиё қарор гирифтааст, чун гуфта мешавад агар дар марзи кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон хоссатан ҷониби кишвари Тоҷикистон нооромие сурат бигирад, дар умум амнияти Осиёи Марказӣ зери таҳдид қарор хоҳад гирифт.  Ҳамин аст, ки дар доираи зуҳури якчанд созмонҳои минтақаӣ хосатан СҲШ, СААД, ИДМ ва ғ, ки яке аз самти аслии фаъолияти эшон дар самти ҳифозати амният ва суботи комили ҷамъиятӣ равона шудааст, барномаи амали рӯи даст гирифтаву дар ин самт муваффақ ҳам шудаанд.

Бо дарназардошти муҳимияти амнияти минтақа дар чунин як давраи ҳассос баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи баланд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки имрӯз мамлакати мо омодааст, ки марзу буми хешро муҳофизат намояд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ва хатарзо муқовимат кунад ва дар як чунин замони ҳассос бо масъулияти баланд дифои сарҳадот ва ҳимояи сулҳу оромии Ватани биҳиштосоямонро пурра бар душ бигирад.

Тавонмандии неруҳои Қувваҳои Мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз баробари қудрату тавоноии давлатҳои минтақа ва ҳатто кишварҳои олам аст, ки пурра омодааст, бар муқобили дилхоҳ душман мубориза барад.

Бале, имрӯз дар Артиши миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонмардони тануманду ғаюр амсоли Темурмалик, Восеъ, Муқаннаъ ва даҳҳо қаҳрамонони бузурги миллат, ки сарнавишти онҳо барои ҳар як фарди Ватандӯст намунаи ибрат аст, адои хизмат менамоянд ва онҳо ин марзу бумро ба мисли модари хеш дӯст медоранд.

Дар чунин рӯзҳои душвор ва барои ҳар як фарди ҷаъиятӣ муассир ва хатарзо талаб он аст, ки зиракии сиёсиро рӯи даст бигиранд ва барои ҳифозати марзу буми ватан дар ҳоли омодабош қарор бигиранд.

 

 

 

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 624
  • 1,242
  • 949,644