ФОРИҒБОЛӢ ВА БЕҲАВСАЛАГӢ НАШОЯД

ФОРИҒБОЛӢ ВА БЕҲАВСАЛАГӢ НАШОЯД
Декабр 16
12:08 2020

Дар шаҳри Хуҷанд бо дастури роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятӣ пурзӯр карда шуд.

Дар ин амали хайр ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи шаҳрӣ, шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ҳиссаи арзанда мегузоранд. Бо ҷалби ин ниҳодҳо дар назди мағозаи “Оазис”, ки аз макони серодамтарини шаҳр маҳсуб меёбад, чорабинии фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Дар суханронии худ Наим Маликисломӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки коҳиш ёфтани сатҳи сирояёбӣ ҳанӯз маънои пурра аз байн рафтани бемориро надорад. Бояд шаҳрвандон пеш аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки шаҳрвандон фориғболӣ ва беҳавсалагӣ нишон дода, зимни гаштугузор аз ниқобҳои ҳимоятӣ истифода намебаранд. Чунин бемасъулиятӣ фарҷоми хуб надорад.

Дар идомаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳолӣ ниқобҳо тақсим ва ҳамзамон варақаҳои роҳнамоӣ дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 636
  • 1,242
  • 949,656