Ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан аз рафти хизматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустӣ масъулини вазорат ба як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздиди хеш масъулини вазорат бо рафти хизматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, инчунин бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонӣ пурсон шуданд.
Ҳадаф аз ташрифи масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки роҳбарияти вазорат низ бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.