Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина ҷиҳати хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандони мамлакат як қатор корҳои муҳим ва назаррас ба анҷом расонида шуданд. Махсусан, дар ин давра дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои зиёди тандурустӣ сохта ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки тавассути дастгирии роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани «Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” корҳои ободиву созандагӣ дар бахши акушерӣ-гинекологӣ, инчунин, пешрафти илму технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ мавқеъ гирифтааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли ҷорӣ аз таъсисёбии Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” 40 сол сипарӣ мегардад.
Муассисаи мазкур аз замони таъсисёбии хеш то имрӯз тавонистааст, ки дар рушди соҳаи тандурустӣ, махсусан, таъмини солимии аҳолӣ нақши муҳим бозида, ҳамзамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” бо қарори Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон таҳти №37 аз 18 феврали соли 1980 ва бо фармони Вазорати тандурустии ҶСС Тоҷикистон таҳти №254 аз 1 апрели соли 1980 таъсис дода шуда, ҳамчун сармуассисаи тандурустӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №482 аз 1 октябри соли 2008 он ба Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Дар соли 2003 дар назди пажӯҳишгоҳ бо фармони Комиссияи олии аттестасионии Федератсияи Россия Шӯрои диссертатсионӣ доир ба ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ К737.014.01 аз рӯйи ихтисоси акушерӣ ва гинекологӣ 14.00.01 тасдиқ карда шуд ва то 31 декабри соли 2012 фаъолият намуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи фаъолияти Шӯрои мазкур дар пажӯҳишгоҳ 102 рисолаи номзади илмҳои тиб дар соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ ҳимоя карда шудааст.
Боиси хушнудист, ки сол то сол дар пажӯҳишгоҳ сафи олимони соҳа меафзояд. Махсусан, айни замон дар муассисаи мазкур 5 нафар доктори илмҳои тиб, 42 номзади илмҳои тиб, 2 нафар профессор ва 12 нафар дотсентҳо кору фаъолият менамоянд.
Дар назди пажӯҳишгоҳ Шӯрои олимон, Шӯрои ташхиси байнисоҳавӣ оид ба момопизишкӣ ва бемориҳои занона ва Шӯрои олимону мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар корҳои илмӣ-амалии пажӯҳишгоҳ иштирок менамоянд. Бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи кормандони пажӯҳишгоҳ зиёда аз 70 рисоли номзадӣ ва 7 рисолаи докторӣ ҳимоя шудааст.
Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои илмӣ-татқиқотӣ соли 2017 бо фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пажӯҳишгоҳ Шӯрои диссертатсионии 6Д. КОА-011 аз рӯйи ихтисоси акушерӣ ва гинекологӣ 14.01.01 тасдиқ гардид, ки он то ҳол фаъолият менамояд. То имрӯз дар ин шӯро 24 нафар мутахассисон аз тамоми ҷумҳурӣ рисолаҳои номзадии хешро ҳимоя намудаанд.
Муассисаи мазкур дар мамлакат муассисаи пешбар оид ба хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ба шумор меравад. Вазифа ва самтҳои пажӯҳишгоҳи мазкур омода намудан ва гузаронидани тадқиқотҳои имлӣ оид ба масъалаҳои мубрами акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогӣ, омӯзиши омилҳои беморшавии модарон ва кӯдакон, омода сохтани заминаи асосии нигоҳдорӣ ва мустаҳкам кардани солимии модарон ва тифлон, тайёр кардани барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ оид ба пешгирии беморшавии модарон ва кӯдакон бо дарназардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиббӣ, биологӣ ва экологӣ, гузаронидани чорабиниҳои ташкиливу методӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, иштирок дар кумитаҳо ва комиссияҳо, иштироки олимони пажӯҳишгоҳ дар гурӯҳҳои корӣ оид ба мутобиқ сохтани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, тавсияҳои методӣ, модулҳои омӯзишии аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тавсияшаванда иборат аст.
Аз ҷумла, дар ин муддат таъсис додани бахши нави илмии гинекологияи эндокринологӣ ва репродуктивӣ, бастани шартномаҳои илмӣ бо муассисаи илмӣ-тадқиқотии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон самари хуб оварда, дар рушд ва пешрафти корҳои илмӣ-назариявии пажӯҳишгоҳ саҳми арзишманд гузоштанд.
Инчунин, дар пойгаҳи пажӯҳишгоҳ курсҳои такмили ихтисос оид ба мавзӯъҳои соҳаи акушерӣ, гинекологӣ ва неонатологӣ таъсис дода шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосие, ки дар назди роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” гузошта шудааст, ин таъмини солимии модарону кӯдакон ба шумор меравад. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дар пажӯҳишгоҳ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” минбаъд низ тамоми кӯшиш ва талоши хешро баҳри хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон равона хоҳанд сохт.
Гулҷаҳон Давлатзода, Директори Муассисаи давлатии
“Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ,
гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”