Гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино

Гулчамбаргузорӣ дар  пояи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино
Август 18
08:24 2020

Субҳи имрӯз, 18 августи соли равон барои поси хотираи неки  табиби ҳозиқ ва ҳакими шинохта Абӯалӣ ибни Сино дар пояи  муҷассамаи ин табиби машҳури давру замон, ки дар назди бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки рӯ ба рӯи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш ҷойгир аст, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчамбар гузошта шуд.

Боиси сарфарозист, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади арҷгузории хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат аз ҷониби давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Барои эҳтиром ба хотираи неки Абӯалӣ ибни Сино низ дар мамлакат якчанд иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Имрӯз яке аз бузургтарин муассисаҳои олии кишвар-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино-ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника аз 1 марти соли 1967 муқаррар карда шудааст. Инчунин, акси ин фарзанди фарзонаи миллат дар пули миллии кишвар инъикос ёфта, имрӯз бо номи ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд. Пайкараву нимпайкараҳои Абӯалӣ ибни Сино дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат қомат афрохтаанд.

Қобили зикри хос аст, ки аз соли 1994  18 август, яъне рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 911
  • 1,242
  • 949,931