Дар асоси Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз 1 октябри соли равон, №731 гурӯҳҳои кории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон муайян гардиданд.
Имрӯз, 4 октябр таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед вобаста ба муаррифии аъзоён ва гурӯҳҳои кории Форуми мазкур ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода ва роҳбарону кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ иштирок намуданд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, махсусан таъкид намуд, ки баргузор гардидани чунин як форуми сатҳи баланд дар кишвар аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаи маъюбон дарак медиҳад.
Аз ҷониби Қудратулло Қурбонов, Сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон хонда шуд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоён ва гурӯҳҳои кории Форуми мазкур муаррифӣ карда шуданд.
Қайд гардид, ки аъзоёни гурӯҳҳои корӣ бояд барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон омодагии ҷиддӣ бубинанд.
Ёдовар мешавем, ки 18 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад.