Барои фароғати истироҳаткунандагон барномаи консертӣ доир гардид

Барои фароғати истироҳаткунандагон барномаи консертӣ доир гардид
Май 26
13:41 2021

Бахшида ба оғози фаъолияти истироҳатгоҳ ва осоишгоҳҳои зертобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб чорабинии фароғатӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти муассиса, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни оғози барномаи фарҳангӣ зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истироҳат ва табобати собиқадорон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намудааст, ки имрӯзҳо баҳри фароғати  собиқадрони ҷангу меҳнати кишвар дар истироҳатгоҳҳои зертобеи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони хушсадои ноҳияи Варзоб ва  ансамбли рақсии “Лаъл”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои мавзун табъи ҳозиринро шод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 960
  • 1,242
  • 949,980