Хатлон: 27 ҳазору 691 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуданд

Май 03
15:23 2017

Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 389 адад нуқтаи таъмини доруворӣ фаъолият дошта, 4 корхона ба истеҳсоли он машғул мебошанд. Корхонаҳои мазкур талаботи аҳолии вилоятро бо дорувории арзон ва бозори фармасевтии минтақаро то андозае бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намуда, ҶСП «Аввалин» (ноҳияи Қубодиён) ба коркарди ширинбия, ҶСП «Фароз» (Бохтар) ба коркарди шираи камол, ҶДММ «Мину фарм» (Бохтар) ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва заҳри мор, ҶДММ «Сафар — фарм» (шаҳри Қӯрғонтеппа) ба истеҳсоли маҳлули новокаин ва лидокаин махсус гардонда шудаанд.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ хабар доданд, корхонаҳои мазкур инчунин чанд номгӯй маводи фаъоли биологиро истеҳсол ва ба хориҷ аз кишвар содир мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ ягона минтақаест, ки дар он маҳсулоти дорувории истеҳсоли ватанӣ барои содирот пешбинӣ шуда, дар ин самт ҳамкории онҳо бо кишварҳои гуногун дар ҳоли рушд қарор дорад.
Дар назди Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи минтақавӣ, ки дорои тамоми шароити замонавист, фаъолият дорад. Озмоишгоҳ бо мутахассисони касбӣ таъмин буда, ҷиҳати муайян намудани сифати доруворӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Тавре Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори раёсати мазкур зикр карда, дар семоҳаи якуми соли 2017 ташкили бахши таҳлилҳои микробиологӣ, таъмин намудани озмоишгоҳи раёсат бо дастгоҳу таҷҳизоти нав, инчунин роҳандозии санҷишҳои микробиологӣ имконият медиҳад, ки сифати доруворӣ пурра ва сари вақт санҷида шавад.
То ин вақт санҷишҳои микробиологӣ дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои дигари соҳаи тандурустии вилоят ва ё дар озмоишгоҳи марказии хадамот дар шаҳри Душанбе гузаронида мешуданд, ки ин кори раёсатро то андозае мушкил мегардонид.
Аз ҷониби раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2017 дар ҳузури комиссияи салоҳиятдор ва намояндагони ВАО ба миқдори 27 ҳазору 691 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаю бе сертификати мутобиқат (беш аз 207 номгӯй) нобуд карда шуданд.
106 номгӯй ё 21 ҳазору 600 адади ин маводро ду ширкати фармасевтӣ ва 8 муассисаи табобатию пешгирӣ бо мактуб барои безарар нобуд намудан ба раёсат супурдаанд. Боқӣ 101 номгӯйи дигарро мутахассисони раёсат зимни санҷиши муассисаҳои фармасевтию табобатӣ аз муомилот гирифтанд.
Дар се моҳи соли равон мутахассисони раёсат нисбат ба 30 нафар шахси масъул санадҳои маъмурӣ тартиб додан два онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима баста шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993