Хатлон: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ

Хатлон: Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ
Ноябр 02
14:47 2020

Бо мақсади баланд бардоштани хизматрасонии босифати тиббӣ айни замон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ  бо маром идома дорад.

Махсусан, айни замон дар вилояти Хатлон сохтмони иншоотҳои калонҳаҷми  соҳавӣ, ба монанди сохтмони бинои Маркази перинаталӣ дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ бо 300 нафар қабули беморон дар ноҳияи Қубодиён, Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар  ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ  идома доранд.

Ҳамзамон,  дар вилоят сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ дар сатҳи деҳот вусъати тоза касб намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки айни замон баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии вилояти Хатлон 115 адад муассисаҳои сохтори госпиталӣ ва 41 адад муассисаҳои амбулаторию госпиталӣ  фаъолият намуда истодаанд.

(Дар акс Маркази ташхисии тиббӣ “Дурахш” дар вилояти Хатлон)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980