Хатлон: Аз татбиқи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 натиҷагирӣ карда шуд

Хатлон: Аз татбиқи Барномаи тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 натиҷагирӣ карда шуд
Январ 11
09:28 2021

Бо мақсади натиҷагирӣ аз «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» дар вилояти Хатлон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он сардори Раёсати тандурустии вилоят Мирзоалӣ Раҷабзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вилоят иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки бо мақсади татбиқи барномаи мазкур дар вилояти Хатлон як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.  Махсусан, бо ин мақсад Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ, тавонбахшӣ ва оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 декабри соли 2016, №284 Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455  “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” таъсис дода шуда, дар самти иҷроиши ин барнома корҳои муҳимро  амалӣ намуд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани хифзи иҷтимоии ниёзмандон, дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195 “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи  иҷтимоии ниёзмандон” ҳар рӯзи шанбе дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Рӯзи аёдати ниёзмандон”  ба роҳ монда шудааст.

Дар идомаи  ҷаласаи корӣ вобаста ба паҳлуҳои дигари татбиқи барномаи мазкур табодули афкор сурат гирифта, ҷиҳати рафъи камбудӣ ва мушкилиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 908
  • 1,242
  • 949,928