Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 247 нафар донори хун ва плазмасупор аз қайд гузаштанд.
Дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо мақсади иҷроиши “Барномаи миллии рушди донори хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» тайи чанд рўзи охир 247 нафар донори хун ва плазмасупор аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 119л 980 мл маводҳои хун, аз он ҷумла 60 л 280 мл зардоби тезяхкардашуда гирифта шуд.
Инчунин дар филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳри Кўлоб 34 нафар донори хун ва плазмасупор аз қайд гузаштанд, ки аз онҳо ба миқдори 18 л 600 мл маводҳои хун, аз он ҷумла зардоби тезяхкардашуда 9л 340 мл, 9 л 260 мл эритроситҳои аз лейкосит озод карда шуда барои кўмаки фаврӣ ба беморон ба муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас карда шуданд.
Хатлон: донорони хун аз қайд гузаштанд
Ноябр 09
16:25
2018