Хатлон: муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ таъмин мегарданд

Хатлон: муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ таъмин мегарданд
Январ 23
07:55 2020

Давоми соли 2019 18 адад  нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон дастрас гардид, ки мушкилоти соҳаро дар самти дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар намуд. Ҳамзамон, ду адад нақлиёти сайёри флюорографии тамғаи “Камаз” барои марказҳои зидди сили вилоят (минтақаҳои Бохтару Кӯлоб) аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва дастрас  карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020»  ва қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон  аз 5 апрели соли 2017, №74  давоми соли 2019 дар муассисаҳои тандурустии вилоят як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Бояд гуфт, ки дар вилоят 26 марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО  7 таҳлилгоҳҳои ташхиси усули иммуноферментӣ, 27 таҳлилгоҳҳои ташхиси усули фаврӣ, 11 нуқтаҳои боварӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ ва 4 гурӯҳҳои сайёр бо нақлиёти санитарӣ фаъолият менамоянд.  Илова бар ин, дар Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва дар шӯъбаи сироятии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯри Воҳидов барои бистарӣ кардани ин намуди беморон мутаносибан 8 – 10 кат ташкил гардида, ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ ба сарчашмаҳои  иттилоотӣ оид ба  пешгирии ВНМО дар марказҳои вилоятӣ ва минтақавӣ нуқтаҳои иттилоотӣ ташкил карда шудааст.

Бо мақсади саривақт дарёфт намудани сироятшудагони вируси норасоии масунияти одам дар вилоят дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷаъмиятии “СПИД инфосвязь”-и Федератсияи Россия  дармонгоҳи сайёр  фаъолият дошта, давоми соли равон 6246 нафар аҳолии дурдасти шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаи онҳо, занҳои ҳомила бо тести оҷилӣ оид ба таҳлили ВНМО ва оташак  таъмин карда шуданд.

Оид ба ҷараёни  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2015, № 422   дар бораи “Барномаи миллии рушди донории хун ва ҷузъҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019” филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар шаҳрҳои Бохтар ва Кулоби вилояти Хатлон фаъолияти худро барои қонеъ гардонидани талаботи муассисаҳои табобатию  профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ ва ёрии фаврии трансфузионӣ аз тарафи бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ, гузаронидани таҳлилҳои босифат ба беморон ва ниёзмандон идома дод.

Лозим ба ёдоварист, ки дар филиали Муассисаи давлатии  “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” дар  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ бо таҳлилгоҳи гемостаз фаъолият дошта, имрӯзҳо бисёре аз беморхонаҳои вилоят дар мавридҳои зарурӣ аз хизмати ин бригада истифода мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ 16 маротиба ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват шуда,  хизмати амалии худро ба беморон расонид.

Бо мақсади самаранокии рушди донории беподош ва афзун намудани сафи донорон дар давраи ҳисоботӣ доираи чорабиниҳои таблиғотӣ-оммафаҳмонӣ дар вилоят васеъ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра нақшаи маъракаҳои хунгирӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои вилояти Хатлон тартиб дода шуда, мувофиқи он рӯзҳои хунгирӣ бо бригадаи сайёр ташкил гардид.

Яке аз самтҳои асосии барномаи мазкур самаранок истифода бурдани ҷузъҳои хун,  ташкил намудани ёрии тиббии трансфузионӣ ва беҳтар намудани донишу малакаи трансфузиологҳо дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани тахассуси кормандони соҳаи мазкур давоми соли 2019 3 нафар табибони вилоят дар пойгаҳи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун” давраи бозомӯзии аввалияро  оид ба “Тибби трансфузионӣ” 32 нафар табибон ва 9 нафар кормандони миёнаи тиббии беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят такмили ихтисос оид ба “Тибби трансфузионӣ”-ро гузаштанд.

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон новобаста аз мушкилотҳои мавҷуда дар самти беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии саривақтӣ, босифат ва баландихтисоси тиббӣ, ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, таъмин намудани ҳифзи саломатии аҳолӣ,  беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемилогии аҳолӣ ва ба самти дурусту самарабахш равона сохтани фаъолияти сохторҳои тобеъи худ аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732