Хатлон: Муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ таъмин мегарданд

Хатлон: Муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни донорӣ таъмин мегарданд
Август 26
10:10 2020

Бо мақсади баланд бардоштани раванди ҳаракати донорӣ аз 18 март то 23 апрели соли 2020 аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон чорабиниҳои алоқаманд ба Рӯзи умумиҷаҳонии донории хун ташкил  карда шуд, ки дар  маъракаҳои хунгирӣ 1783  нафар донорон фаъолона  иштирок карданд.

Давоми  шаш моҳи  соли 2020  дар филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии  илмии хун” дар шаҳрҳои  Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон 7440  хунсупорӣ ва плазмасупорӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи умумии хунсупорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта    17,5% зиёд гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамаи донорон  зери назорати доимии тибибон қарор дошта, ба онҳо мувофиқи нишондодҳо ташхисҳои иловагӣ низ гузаронида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар филиали Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии  илмии хун” дар шаҳр Бохтари вилояти Хатлон  бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ бо таҳлилгоҳи гемостаз фаъолият мекунад. Имрӯзҳо бисёре аз беморхонаҳои вилоят дар мавридҳои зарурӣ аз хизмати ин бригада истифода мебаранд. Дар давраи ҳисоботӣ бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ 36 маротиба ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват шуда, ба беморон хизмати амалии худро расонидааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 715
  • 1,242
  • 949,735