Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маводи тиббӣ кӯмак намуд

Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маводи тиббӣ кӯмак намуд
Ноябр 20
15:44 2020

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади пешгирӣ  ва табобати бемории сироятии COVID-19 дар кишвар дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, 20 ноябри соли равон аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 55 номгӯи маводҳои доруворӣ ва муҳофизатӣ тақдим карда шуд.

Дар маросими супоридани маводҳои тиббӣ муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ширкат варзиданд.

Зимни тақдими маводҳои тиббӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ махсус зикр намуд, ки бо супориши бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар тамоми ҷумҳурӣ дар самти риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи васеъ аз маводи антисептикӣ  бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 корбарӣ карда истодаанд.

Гуфта шуд, ки маводҳои доруворӣ ва муҳофизатии ба муассисаи мазкур тақдимгардида дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 кӯмаки амалӣ  хоҳанд расонид.

Таъкид  гардид, ки мақому манзалати ҳар ҳизб дар ҷомеа қабл аз ҳама ба ташаббусҳои роҳбарияти олии он ҷиҳати замина гузоштан ба рушди иқтисодӣ, ҳалли маъалаҳои иҷтимоии ҷомеа  ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат вобаста мебошад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,242
  • 949,937