Дар ноҳияи Ашт таъмири беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Ашт оғоз карда шуд. Иқдоми мазкур бо супориш ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдор ба сифати корҳои сохтмонӣ ҷалб карда шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва ҷавобгу ба талаботи давр таъмир гардидани беморхонаи мазкур 419 адад хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат маблағгузорӣ намудаанд. Ҷиҳати таъмири бинои беморхона аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт низ маблағи муайян ҷудо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки беморхонаиминтақавии Ҷамоати деҳоти Ашт дар шаҳраки Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт ҷойгир буда, бо мақсади ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии гӯшаву канори кишвар, аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.