13 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки доираи васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ Холзода А.Қ. ҷаласаи корӣ доир гардид.
Дар ин бора аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи www.moh.tj Вазорати тандурусти ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур оид фаъолияти хоҷагиҳои ёрирасон ва иҷроиши истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар соли 2018” сармутахассиси шуъбаи молия ва хоҷагии Агентии мазкур Саидамиров Ш гузориш дод.
Инчунин оид ба ҷамъбаси мавсими истироҳатӣ дар осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати системаи Агентӣ дар соли 2018 гузориши сардори шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши доимӣ Муминов М шунида шуд.
-Дар робита ба масъалаи баррасишуда бахусус, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷобаҷогузории бошандагон дар хона-интернатҳо, вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидиомологӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маводҳои доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои оинномавӣ, низомномаҳо, дастурамалҳои мансабӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, риояи меъёри ғизо ба бошандагон аз рўи меъёри тасдиқшуда, ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти мунтазами кори “Фитобар”-ҳо, омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, бехатарӣ аз сўхтор, риояи одоби муошират, интизоми меҳнат ва сару либоси ягонаи кормандон ба роҳбарони муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардорони шуъбаҳои вилоятии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои қатъи дода шуд,-афзуд манбаъ.