Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти хизматрасонии босифати тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон имрӯз, 20 январи соли равон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарон ва намояндагони таваллудхонаҳо, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.
Баҳри паст намудани беморшавӣ ва фавти кӯдакон ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа ин беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои охир дар кишвар якчанд усулҳои нави инноватсионии табобати кӯдакон, аз ҷумла ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил, ҷарроҳии тармими ҷоғу рӯй, табобати бемориҳои саратони кӯдакона, нейроҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии бемориҳои ортопедӣ, алалхусус бемории фалаҷ ба роҳ монда шуданд.