Хонаи саломатӣ дар деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ ба кор шурӯъ кард

Хонаи саломатӣ дар деҳаи Вотаи ноҳияи Айнӣ ба кор шурӯъ кард
Март 19
13:31 2020

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19 марти соли равон дар деҳаи Вотаи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси ноҳияи мазкур Муқим Муродзода Хонаи саломатӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуд.

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, бинои Хонаи саломатӣ аз ҳисоби маблағҳои Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид бо маблағи 450 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ширкати ҶДММ “Транс Азия Сервис” бунёд гаштааст.

Хонаи саломатии мазкур дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ аз ҳисоби Барномаи Рушди СММ таҷҳизонида шудааст. Ҳамчунин, дар хонаи саломатии мазкур системаи гармидиҳӣ ва хати оби нӯшокӣ гузаронида шуда, он  ба талаботи стандартҳои замонавӣ пурра ҷавобгӯ мебошад.

Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зимни  ба истифода додани Хонаи саломатӣ сокинони деҳаро барои соҳиби боз як бинои зебои тиббӣ шудан муборакбод намуда, изҳор дошт, ки дар оянда низ корҳои ободониро дар ин деҳа вусъат хоҳад дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 915
  • 1,242
  • 949,935