Декабр 11
08:00
2020
Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории коронавируси нав аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Чунин як чорабинии оммафаҳмонӣ аз ҷониби мутахассисони маркази мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ҷойҳои серодам, махсусан, бозору супермаркетҳои шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ ба воситаи баландгӯяк доир ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ ба самъи шаҳрвандон маърӯзаҳо пешниҳод гардид.