Хуҷанд: Мулоқоти муфид дар самти пешгирии бемории COVID-19 ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ

Хуҷанд: Мулоқоти муфид дар самти пешгирии бемории COVID-19 ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ
Декабр 25
10:24 2020

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили Соли нави мелодӣ ва муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” ҷиҳати сарфакорона истифодабарии неруи барқ бо моликони тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр мулоқот барузор гардид.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ карда шуда, ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуруҳӣ, қабули фармоишот дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо дар ин самт қатъиян мумкин нест.

Таъкид гардид, ки  дар марказҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ ва маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ба самъи моликони тарабхонаву қаҳвахонаҳо муҳтавои муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ низ расонида шуд.  Гуфта шуд, ки мо бояд ба қадри ҳар як киловат соат  нуруи барқ бирасем ва дар самти мақсаднок ва самаранок истифода бурдани он тадбирҳо андешем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 960
  • 1,242
  • 949,980