Хуҷанд: шӯъбаи табобати нурӣ ба истифода дода шуд

Хуҷанд: шӯъбаи табобати нурӣ ба истифода дода шуд
Август 19
15:12 2019

Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуда, саҳми табибони вилоятро дар таъмини саломатии сокинон  хеле назаррас зикр  намуд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба як  қатор кормандони соҳаи мазкур нишонҳои сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати тандурустии вилоят тақдим карда шуд.

Барои кормандони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бошад, таҷлили иди навбатии касбӣ басо хотирмон таҷлил гардид. Зеро, дар ин рӯз дар саҳни бинои марказ  парда аз рӯйи ҳайкали падари тиб Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бардошта шуд. Пардаро аз рӯи ҳайкал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, яке аз асосгузорони саратоншиносии мамлакат, доктори илмҳои тибб, профессор Бахтиёр Аҳмадов ва сарвари Маркази саратоншиносии вилоят  номзади илмҳои тиб Фурқат Иброҳимов бардошта,  ба ҳунари ҳайкалтароши ҷавон Даврон Раҳматов баҳои баланд доданд.

Баъдан дар вазъияти танатавӣ шӯъбаи нави табобати нурӣ ба истифода супорида шуд. Дар назди ҳозирин Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баромад карда, изҳор дошт, ки «дастгоҳи нодири нурафакании «Терабалт» бо арзиши 13,5 млн. сомонӣ бо дастгирии бевоситаи Агентии байналмилалии амнияти ядроӣ ва радиатсия дастрас гардид. Бинои шӯъба бошад, бо 20 кати беморӣ ба маблағи 5 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  бунёд шудааст”.

Роҳбари ташкилоти байналмилаллии Агентии байналмилалии амнияти ядроӣ ва радиатсия (МАГАТЭ) хонума Анна Рафо дар баромади хеш изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳаҳо дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба таъмин бо таҷҳизоти муосири табобати гирифторони бемории саратон ҳанӯз соли 2003 оғоз шуда, дар шаҳри Душанбе як адад чунин таҷҳизот насб карда шуда буд.

“Аммо, чун дидем, ки як таҷҳизот барои аҳолии  беш аз 9 млн. нафараи Ҷумҳурии Тоҷикистон басандагӣ намекунад, ташкилоти мо қарор дод, ки боз як адад таҷҳизотро ин навбат дар вилояти Суғд ҷудо намояд”,-афзуд ӯ

Собиқадори соҳаи саратоншиносии кишвар Бахтиёр Почомиров дар баромаи худ гуфт, ки «соҳиб шудан ба чунин таҷҳизоти нодир орзуи чандинсолаи саратоншиносони вилоят буд. Боварӣ дорам, ки истифодаи самараноки таҷҳизот барои кам шудани теъдоди гирифторони касалии саратон мусоидат мекунад».

Роҳбари Маркази саратоншиносии вилоят Фурқат Мансуров ба Вазорати тандурустии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва хоса ташкилоти байналмилалии МАГАТЭ барои дастгириву ғамхорӣ ва мусоидат дар таъсиси шӯъбаи табобати нурӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки дар шӯъбаи нави табобати нурӣ 8 мутахассис-радиологҳову физикҳои тиббӣ ва рентгенологҳо фаъолият хоҳанд бурд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 693
  • 1,242
  • 949,713