Декабр 31
17:03
2020
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмӯъ то имрӯз, 31 декабр дар кишвар 13296 нафар бо сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 12851 нафар ё 96,6% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ҳамзамон, 355 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.