Иқдоми ҷадиди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим

Иқдоми ҷадиди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим
Август 11
18:53 2017

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим,   ба ифтихори эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон  бахшида ба рӯзи «Иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаи ёздаҳуми футболи хурд, мусобиқаи панҷуми волейбол байни дастаҳои мардонаву занона, мусобиқаи панҷуми тениси рӯимизӣ   ташкил намудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқоти ташкилгардида кормандони муассиса ва идораҳои мухталифи   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқаи ёздаҳуми футболи хурд, мусобиқаи панҷуми волейбол байни дастаҳои мардонаву занона, мусобиқаи панҷуми тениси рӯимизӣ миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ моҳи июли соли равон оғоз гардида сабқат миёни дастаҳои баъзе аз намуди он идома дорад.

Хотиррасон менамоем, ки мақсади дигари ташкил намудани мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ин ташвиқу тарғиб ва рушду инкишофи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳё намудани дастаҳои варзишӣ миёни кормандони муассисаҳои тандурустӣ маънидод мегардад.

Даври ҷамъасти умумии  мусобиқоти варзишӣ миёни кормандони  муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  18 август, дар рӯзи таҷлили Иди касбии    кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 731
  • 1,242
  • 949,751