Идома доштани корҳои таъмирӣ дар Марказҳои саломатии ноҳияи Зафаробод дар доираи маблағгузории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”

Идома доштани корҳои таъмирӣ дар Марказҳои саломатии ноҳияи Зафаробод дар доираи маблағгузории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”
Феврал 28
09:49 2023

Корҳои таъмириву азнавсозӣ дар як қатор муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар доираи фаъолияти Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Маврид  ба тазаккур аст,   ки то ба соли 2021  татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар 10 ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд;  Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён ва Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ амалӣ гардида, дар замина корҳои назарраси ҳамгуфте пиёда шуд, вале аз оғози  соли 2021 фарогирии татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои таҷрибавӣ афзоиш ёфт ва 6 ноҳияи   нави таҷрибавии ҷумҳурӣ; Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, инчунин ноҳияи  Дарвози ВМКБ шомил гардонида шуданд.

Имрӯзҳо дар марказҳои саломатии 6 ноҳияҳои дар соли 2021 таҳти сарпарастии Лоиҳа қарор гирифта корҳои таъмирӣ бомаром идома доранд, ки таъмири кулии 4 маркази саломатӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд Маркази саломатии деҳоти “Ҷомӣ”,     “Зарафшон”,   “Бахт”,   “Х.Алиев”-и ноҳияи  мазкуз  аз зумраи онҳост .

Аз аввали соли 2022 бошад дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия  дар доираи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 78095,76 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия пардохт карда шудааст. Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 17 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд. Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия 8 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 275,40 доллари ИМА, 8 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 5679,5 доллари ИМА, 2 адад генератор ва 4 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 15930,0 доллари ИМА, таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 52453,74 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 193,40 доллари ИМА харидори карда шуд. Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар доираи Лоиҳаи гузаронидани корҳои таъмири дар 3  маркази саломатии деҳот  ба назар гирифта шудааст. Аз аввали соли 2022 корҳои таъмири  дар 4  маркази саломатии деҳот оғоз ва барои иҷроиши корҳои таъмири 87753,45доллари ИМА пардохт карда шуд. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар н. Зафаробод  аз аввали соли 2022-    238 114,73   доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар н. Зафаробод аз аввали татбиқи Лоиҳа  301  285,73  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи  такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз,  бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад аз зумраи лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

 

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990