Идомаи сафари кории вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ВМКБ ва шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ

Идомаи сафари кории вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ВМКБ ва шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ
Май 12
16:37 2021

Дар  доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода пас аз ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Рушон ташриф оварда, аз беморхонаи марказии ноҳияи мазкур дидан намуд.

Дар ноҳияи Рушон нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо раиси ноҳияи мазкур Додхудоев Фаррух аз бинои шӯъбаи сироятии Беморхонаи марказии ноҳия дидан намуданд. Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ дар шӯъбаи номбурда аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шуда, он барои ба фаъолияти корӣ оғоз намудан омода мебошад.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рушон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар инчунин бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос шуда, доир ба хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Ҳамзамон, имрӯз, 12 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ сафар намуда, бо рафти хизматрасонии тиббии Беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳри мазкур шинос гардид.

Махсусан, дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз як қатор шӯъбаҳои он, ки аз таъмири бароварда шудаанд, дидан намуд.

Бояд гуфт, ки махсусан барои таъмири шӯъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи  беморхонаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 753553 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири капиталӣ бароварда шуда,  барои   таъмиру тармими шӯъба  756 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Шӯъбаи мазкур  бо истифодаи ҳуҷраҳои барҳаво ва таҷҳизоти наву замонавӣ  мавриди ташхису табобат қарор дода шуда, барои беморон тамоми шароит ва имконоти ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти таъмири  қисмати дуюми Маркази саломатии шаҳри  №1-и шаҳри Хоруғ дидан намуд.

Қобили зикр аст, ки барои таъмири капиталии марҳилаи аввали маркази мазкур аз ҳисоби маблағҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 524354 сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд,  марҳилаи якуми таъмири маркази саломатии  мазкур ба анҷом расида, марҳилаи 2-юми таъмири капиталии он  бо маблағи 27 ҳазор  сомонӣ ҷараён дорад.

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбарият ва кормандони беморхонаи мазкур суҳбат анҷом дода, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 614
  • 1,242
  • 949,634