Ховалинг: беморхонаи нави рақамӣ ба истифода дода шуд

Ховалинг: беморхонаи нави рақамӣ ба истифода дода шуд
Январ 02
06:37 2020

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Беморхонаи рақамии деҳаи Сиёҳфарки ҷамоати деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Беморхонаи рақамии мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо сифати баланд бунёд гардидааст.

“Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ба кори сохтмони ин бемористон 20 нафар бинокори маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Дар сохтмон ва муҷаҳҳазонии дармонгоҳи мазкур, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 кати хоб аст, соҳибкор зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ кардааст”,-меафзояд манбаъ.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи боз як муассисаи тандурустӣ дар деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалингро самараи марҳалаи созандагиву ободкории кишварамон арзёбӣ намуда, дар арафаи Соли нави мелодии 2020-ум ба фаъолият оғоз кардани ин дармонгоҳи навро туҳфаи идонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкори ватанӣ ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия номид.

– Мо хуб дар ёд дорем, ки 7 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба ноҳияи Ховалинг бинои наву замонавии шӯъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд, – зикр намуд раиси вилоят зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи беморхонаи рақамӣ. – Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд. Имрӯз бошад, дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни ба истифода додани беморхонаи мазкур таъкид намуд, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти ҳар як муассисаи тиббӣ, пеш аз ҳама, ба дараҷаи касбияти кормандонаш вобаста аст. “Бинобар ин, бовар дорам, ки барои ҷалби мутахассисони баландихтисос ва пайваста такмил додани сатҳи касбии табибони беморхонаи навбунёд чораҳои судманд андешида мешаванд”, – афзуд раиси вилоят.

Роҳбари вилоят ҳамчунин изҳори итминон кард, ки кормандону табибони муассисаи навбунёди табобатии имрӯза минбаъд низ рисолати муқаддаси худро дар ҳифзи саломатии сокинон софдилонаву садоқатмандона иҷро мекунанд.

Дар идомаи маросими тантанавии ифтитоҳи Беморхонаи рақамӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорон Фатҳулло Соҳибов, Ҷумъахон Қосимов ва дигарон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуда, ба онҳо барои ташаббусу иқдомоти созанда ва ватандӯстонаашоон арзи сипосу миннатдории самимӣ баён кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 731
  • 1,242
  • 949,751