Ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

Ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон
Июл 27
18:32 2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувонимрӯз 27 июл  ҳамзамон дар расми ифтитоҳи бинои шуъбаи таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии рақами 2-и ҷамоати деҳоти Сари Хосор иштирок намуданд, хабар медиҳанд аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли 2016 оғоз гардидааст ва дар ин муддат шуъбаи таваллудхона бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд карда шудааст.

Бино аз 9 утоқи ташхису табобат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дорои беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ мебошад. Утоқҳо бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, ултрасадо ва дигар лавозимоти тиббӣ барои бемориҳои занона муҷаҳаз карда шудааст.

Барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ дар таваллудхонаи Сари Хосор бештар аз 300 ҳазор ва дар корҳои сохтмонии иншоот 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ масраф шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити хизматрасонии таваллудхона ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона ва аз таҳти дил даъват намуданд.

Тавре маълум гардид иншооти мазкур бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардидааст. Корҳои бунёдгарӣ бошад аз тарафи ширкати «Евро-стандарт» ба анҷом расонида шудааст.

Дар таваллудхонаи навбунёди ҷамоати деҳоти Сари Хосор 15 нафар табибони дорои тахассуси гуногун бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ифтитоҳи чунин таваллудхонаи замонавӣ дар маркази ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба кормандони он як адад автомобили ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд, ки аз тарафи мардуми саодатманди ҷамоат бо изҳори миннатдорӣ, самимияти бепоён ва хушҳолии беандоза пазируфта шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 624
  • 1,242
  • 949,644