Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар шаҳри Турсунзода (АКС)

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар шаҳри Турсунзода (АКС)
Декабр 09
08:36 2019

Дар деҳаи Батоши Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Маркази саломати деҳот ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи марказ Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки иншооти мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳо ба пешвози ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии оилаи Сайфуллоевҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он  аз таҳхона, 2 ошёна ва 24 ҳуҷраи тиббӣ иборат буда, барои расонидани хизмати тиббии рӯзона, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз  гардида, 27 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Илова ба ин, дар деҳаи мазкур аз ҷониби оилаи Сайфуллоевҳо 2 км роҳи нақлиётгард бо маблағи беш аз 2 млн. сомонӣ ва дигар корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода зимни баромади хеш аз ҷумла иброз намуд, ки дар барбари дигар мардуми кишвар сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода дар ободонии Ватани азизамон ва иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Ҳукумати кишвар саҳми муносиб мегузоранд:

– Бо истифода аз фурсати муносиб ба оилаи Сайфуллоевҳо аз номи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуда, боварӣ дорам, ки  эшон минбаъд низ дар ободонии ватани азизамон саҳми муносиби худро мегузоранд, – иброз дошт ӯ.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба истифода додани чунин як маркази тиббии замонавиро самараи ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати соҳаи тандурустӣ арзёбӣ намуд.

Номбурда ҳамчунин  кормандони маркази саломатии деҳоти мазкурро бо ифтитоҳи чунин иншооти муосир табрик намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ба аҳолӣ хизмати босифати тиббӣ расонида, ҷиҳати ҳифзи саломатии мардум содиқона хизмат намоянд.

– Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази мазкур як таҷҳизоти муосири ултрасадо ва барои маъюбон 10 аробачаи маъюбиро ҷудо намудааст, ки рӯзҳои наздик дастраси марказ хоҳанд шуд, – иброз дошт Насим Олимзода.

Дар зимн оилаи соҳибкорон Сайфуллоевҳо изҳор доштанд, ки ҷиҳати хизматрасонии саривақтӣ ва босифати тиббӣ дар ояндаи наздик ба маркази саломатии мазкур  боз як нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим  хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 718
  • 1,242
  • 949,738