Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Даштикон” дар ноҳияи Деваштич (АКС)

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳоти “Даштикон”  дар ноҳияи Деваштич  (АКС)
Ноябр 27
13:50 2019

Бо мақсади беҳтаргардонии хизматрасонии тиббӣ дар  сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтаркунии  хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ Маркази саломатии деҳоти Даштикон мавриди истифода қарор гирифт.

Маркази нави мутобиқ ба тамоми стандартҳои  муосир ба  маблағи  1 млн. 376 ҳазору 848 сомонӣ сохта ба истифода шуд.

Бо ифтитоҳи Маркази саломатии мазкур 2350 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти “Даштикон”, ки дар масофаи 18 км дур аз ҳудуди маркази ноҳия ва 52 км дур аз маркази вилояти Суғд ҷой гирифтааст, аз хизматрасонии тиббию  санитарии босифат дар ин муассисаи тиббӣ бархўрдор мегарданд.

Бинои асосӣ аз 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, момодоя, табиби оилавӣ, хатна, эмкунию доругузаронӣ, таҳлилгоҳ иборат мебошад.

Марказ тавассути Лоиҳа бо 85 номгӯй таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 152 ҳазору 653 сомонӣ,  бо 24 номгуй мебелҳои тиббӣ чун мизу курсиҳо, ҷевону яхдон, ба маблаѓи 106 ҳазору 545 сомонӣ, 7 номгӯй дастгоҳҳои хунуккунӣ барои нигоҳкунии ваксинаҳо ба маблағи 40 ҳазору 566 сомонӣ таҷҳизонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки иловатан як адад чоҳи амудӣ барои таъмин намудан бо оби нӯшокӣ кофта ба истифода дода шуд.

Илова бар ин барои хазматрасониҳои муосири тиббӣ дар маркази мазкур генератори барқии дизелии 12 Кват ба маблағи 66 ҳазору 660 сомонӣ насб карда шуд.

Дар Маркази саломатӣ 6 нафар кормандон, аз ҷумла 1 нафар табиб, 4 нафар корманди миёнаи тиб ва 1 нафар корманди хурди тиб бо  ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Фаъолияти муассисаи мазкур имконият медиҳад, ки аҳолӣ барои дарёфти кӯмаки заминавӣ ва инчунин хизматрасониҳои муосири тиббӣ ба маркази ноҳия муроҷиат накарда дар маҳалли зисти худ аз чунин хизматрасониҳо бархӯрдор шуда, сатҳ ва сифати саломатии хешро беҳтар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Деваштич аз соли 2015 Лоиҳаи «Беҳтаркунии  хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст. Аз соли 2015 то ба имрӯз аз тарафи Лоиҳа ба муассисаҳои шабакаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба маблаѓи 6 млн. 984 ҳазору 93 сомонӣ ворид гаштааст, ки 70%-и он барои пардохти музди маоши иловагии кормандони тиб ва 30%-и маблаѓҳо барои рушди инфрасохтор сарф гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра  танҳо аз ҳисоби маблағҳои бонусӣ (30%), ки барои рушди инфрасохтори КАТС-и ноҳияи Деваштич ҷудо гардидааст,  дар 12 марказҳои саломатӣ ва 22 хонаҳои саломатӣ таъмири бино, ҳуҷраҳо, гузаронидани хатҳои оби гарм ва хунук ва ташноб, инчунин васл намудани дастгоҳҳои гармкунӣ равона карда шудааст.

Дар 14 марказҳои саломатии деҳотии ноҳияи мазкур ҳуҷраи хатна бо ҳамаи шароитҳояш ташкил карда шуд.

Дар 6 адад марказҳои саломати деҳоти Лолазор, Басманда, Нуробод, Зарнисор, Даҳкат ва Росровути ноҳияи Деваштич таҳлилгоҳҳо ташкил карда шуданд, ки дар натиҷа ҳамаи 14 адад марказҳои саломатии деҳотии ноҳия ба пуррагӣ дорои таҳлилгоҳ гаштанд. Ҳамаи ин таҳлилгоҳҳо бо захираҳои реагентҳои асосӣ барои таҳлилҳо ва экспресс – тестҳои ЭТС, ВНМО ва гепатитҳо таъмин карда шуданд.

Аз аввали амалишавии Лоиҳа то ба ин давра 133 нафар, аз ҷумла 35 нафар табибони оилавӣ ва 98 нафар ҳамширагон давраҳои бозомўзиро дар самти тибби оилавӣ хатм намуда, бо ҷузвдонҳои тибби оилавӣ таъмин гаштанд. Баҳри гузаронидани мониторинги фаъолияти Лоиҳа дар деҳот, Маркази саломатии ноҳия бо наќлиёти хизматӣ таъмин шуд.

Аз ҷониби Лоиҳа дар маҷмўъ ба ноҳияи Деваштич бо назардошти ҳамаи хароҷотҳо ба маблағи умумии 18 млн. 389 ҳазору 225 сомонӣ равона карда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 621
  • 1,242
  • 949,641