Ифтитоҳи Маркази ташхисиву табобатии “Мадади Қаҳҳориён”

Ифтитоҳи Маркази ташхисиву табобатии “Мадади Қаҳҳориён”
Июл 07
19:58 2022

Дар шаҳри Панҷакент Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти тиббӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибби хусусӣ низ рушд карда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст.
Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» дар деҳаи Сӯҷинаи деҳоти Сӯҷина ҷойгир буда, барои табобати бемориҳои неврологӣ пешбинӣ шудааст ва дорои 15 кат мебошад.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум шуъбаи қабули беморон ва ташхисгоҳ (лаборотория) ҷой гирифта, дар ошёнаи дуюм барои ҷойи хоби беморон шароит муҳайё карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 919
  • 1,242
  • 949,939