Ҷилавгирӣ аз камғизоӣ миёни кӯдакон- мавзӯи аслии баргузории форуми миллӣ

Ҷилавгирӣ аз камғизоӣ миёни кӯдакон- мавзӯи аслии баргузории форуми миллӣ
Июл 11
11:21 2017

Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе,  дувумин форуми миллӣ дар мавзӯи ғизо, зери унвони «1000  рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллат» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони байналмилалии рушд  сурат гирифта, мақсади он    бартараф намудани  камғизоӣ дар байни кӯдакони Тоҷикистон тавассути равиши бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла соҳаҳои тандурустӣ, кишоварзӣ, таъмини амният ва бехатарии озуқаворӣ, маориф, рушди иқтисод ва обу беҳдошт, мебошад.

Форуми мазкур ҳамзамон бо мақсади тадбиқи Стратегияи милли рушд то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор барои то солҳои 2030, инчунин ҷиҳати натиҷагирӣ намудан аз тадқиқоти миллӣ оид ба “Баҳодиҳии вазъи ғизогирии модарон ва кӯдакон” дар соли 2016 ташкил ёфтааст.

Дар форум  тақрибан 150 нафар, аз ҷумла шарикони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон аз пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои соҳаи рушд, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО бо мақсади шарҳи пешравиҳои бадастомада, муаррифӣ ва тасдиқи далелҳои нав ва муҳокимаи паёмадҳои сиёсат ва барнома ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба  кағизоӣ ё худ суитағзия, ки кӯдакон ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд, иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки форумро раисӣ кард, зимни суханронии худ аз пешрафти Тоҷикистон дар беҳтарсозии саломатии аҳолӣ ёдовар шуд. Номбурда инчунин   ҳамаи шариконро даъват намуд, ки минбаъд ҳам дар ҳалли мушкилоти ғизо якҷоя кӯшишу талош варзанд то ягон кӯдаке аз камғизоӣ ё худ суитағзия азият накашад.

Шералӣ  Раҳматуллоев  сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади хеш аз мушкилот ва паёмадҳои камғизоӣ миёни кӯдакон маълумот дода аз ҷумла қайд намуд  ки; “суитағзияи музмин (давомдор) ё қадпастӣ ҳанӯзам ба 21 дар сади  кӯдакони синни 6-59-моҳа таъсири худро мегузорад, дар ҳоле ки занону кӯдакони зиёди дигар аз норасоии микронутриентҳо, аз қабили камхунӣ ва норасоии йод, тибқи тадқиқоти миллӣ оид ба ғизо, ки соли 2016 гузаронида шуда буд, азият мекашанд.

Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагии ИМА дар Тоҷикистон Кэтрин Кроуфорд  Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои талошҳо ҷиҳати таҳияи чорчӯбаи натиҷаҳои муштараки ҳаракати САН мавриди ситоиш қарор дода, зарурати татбиқи онро таъкид намуд.

Афшан Хан, директори минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) зимни баромади хеш аз паёмадҳои  камғизоӣ миёни кӯдакон қайд намуд, ки; «вақте ки кӯдакон имконияти ягонаи худро бо сабаби ғизогирии нокифояи модарон ва навзодон дар давраи 1000 рӯзи аввали ҳаёт аз даст медиҳанд, ин омил давраи зиёну зарар, нокомӣ ва нобаробарии байнинаслиро абадӣ мегардонад. Ин нокомиҳо боиси талафоти бузург барои ҳамаи мо мегардад. Талафоте, ки омилҳои он қобилияти сусти азхудкунӣ, музди меҳнати камтар, сатҳи баланди бекорӣ, вобастагии зиёд ба кумакҳои давлатӣ ва давраҳои камбизоатии байнинаслӣ, ки монеи пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳар як нафар мегардад, мебошанд. Ҷаҳоне, ки мо дар он ваъдаҳои худро иҷро менамоем, ҷаҳонест, ки дар он миллионҳо кӯдаки дигар барои амалӣ намудани ваъдаҳои худ зиндагӣ хоҳанд кард – ба манфиати ҳамаи мост.»

Дар форуми мазкур ҳамзамон  аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи сиҳатии сокинон, аз ҷумла тоифаи атфол ва инчунин таъмини ғизои солим барои табақаҳои мухталиф, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон менамоем, ки баргузории форуми миллии    «1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллӣ»   то 12 июли соли равон идома хоҳад ёфт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 712
  • 1,242
  • 949,732